Калонтарин гамбургери ҷаҳонро, ки дар Китоби рекордҳои “Гиннес”сабти ном шудааст, 300 ошпази олмонӣ дар шаҳри Пилстинги Олмон омода кардаанд.
Гамбургери мазкур 1164 кг вазн дошта, зиёда аз 1000 нафарро сер карда метавонад.
Гуфта мешавад, ки тақрибан 3500 нафар сокини маҳаллӣ раванди омода кардани гамбургерро тамошо кардаву баҳои баланд додаанд.
Гамбургере, ки қаблан ба “Гиннес” дохил шуда буд, 914 кг вазн дошт.