Formula novemver 2024
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 4)
4248

ДАВОМАШ...

Гадодухтари пулмаст

Ҷӯраҳои домод, ки ҳамаашон бачаҳои шаҳрии олуфта буданд, баробари аз мошин фаромадан ба чангу хок ғӯтида писханд заданд:

-Худоё, магар тамоми очаҳои духтарзой дар шаҳр мурдаанд, ки Маъруфи мо аз ҳамин қадар роҳи дур омада аз чунин қишлоқи вайрона зан мегирад? Наход дар дунё одам намонда бошад, ки аз чунин ҷойи валангор ким-кадом як гадодухтарро гирифта ба шаҳр барӣ...

Маъруф ба суханони нешдори ҷӯраҳояш аҳамият надода гулдаста дар даст ба кулбачаи лойини падари Сарвиноз даромад ва тақрибан ним соат пас зери навои карнаю сурнай бо арӯсаш даст ба даст шоду хандон аз хона баромад. Домоди хушзавқ барои арӯсаш чунон куртаи бошукуҳе оварда буд, ки ҳамдеҳагони Сарвиноз ин гадодухтари хушбахтро бо чунин либоси шоҳона дида якбора воҳ гуфта монданд. Домоду арӯс ба Лимузин нишастанд ва корвони мошинҳои зебои арӯсӣ чангу хоки кӯчаро ба ҳаво хезонда бо сигнали дурудароз ба роҳ баромад.

Базми шоҳона

Тӯй дар калонтарин тарабхонаи пойтахт чунон бо шукуҳу шаҳомат гузашт, ки сарватмандтарин касон ҳам чунинашро дар умри сарашон бори аввал медиданд. Дар базм тамоми санъаткорони машҳур иштирок доштанд ва барои маҳфилро бо таронаҳои дилнавоз гарм кардан навбат мепоиданд. Меҳмонон бо ҳавас ба домоду арӯси дар тахти шоҳона нишаста нигариста байни худ пичир-пичиркунон мегуфтанд: “Духтари бисёр ба бахт будааст, ки чунин бачаи зебою сарватманд насибаш гаштааст. Ақлаш бошад, ин арӯс бояд бо ҷону дил хизмати шавҳар ва хусуру хушдоманашро кунад, то аз чунин бахти баланд бенасиб нагардад...”

Фоли бад

Базм як поси шаб ба анҷом расиду арӯсро ба хонаи бахташ оварданд. Маъруф манзили худро дошта бошад ҳам, падару модараш келинро ба хонаи сеошёнаи худашон оварданд, то ки ақаллан то баромадани чиллаи арӯсиашон келину домод ҳамроҳи онҳо зиндагӣ намоянд. Баробари аз дар даровардани арӯс даҳони модару хоҳар ва апаю аммаю холаҳои Сарвиноз, ки аз паси арӯс “янга” омада буданд, воз монд, ин занҳои дар умрашон ба ғайр аз дегу дегдон ва досту дарав дигар чизеро надида мисли одами аз сайёраи дигар ба замин афтида ҳайрон-ҳайрон ба ҳар як ашёи хона нигариста ба якдигар қош мепарронданд ва дандонҳои зардашонро нишон дода механдиданд. Модари арӯс аз қудо шудан бо ин одамон шод набошад ҳам, аз рӯйи таомули тоҷикона онҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт ва дастурхони пур аз нозу неъмат ороста зиёфат дод. Дар рӯйи дастурхон ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чиз буд, вале меҳмонон чӣ тавр хӯрдани баъзе нозу неъматҳоро надониста лол мемонданд. Чанд нафар хизматгордухтарон зуд-зуд дастурхонро тоза карда зарфҳоро иваз менамуданд ва хӯрданиҳои нав ба нав меоварданд. Сарвиноз тӯри арӯсӣ дар сар дар таги чодар нишаста буд, ки баногоҳ худ аз худ чодар канда шуда афтид. Бибии Маъруф бо дидани ин манзара ду бари рӯяшро дошта: “Худо оқибаташро ба хайр кунад, афтидани чодар хосияти хуб надорад” гӯён, аз духтараш хоҳиш кард, ки ҳазориспанд дуд кунад, то балову қазои пешомадаро рафъ намояд.

Арӯси танбал

Мењмонњоро гусел карданд, домоду арӯс ба висоли њам расиданд, акнун аз рӯйи таомули тоҷикона арӯс бояд ба хизмати хусуру хушдоманаш камар мебаст, вале Сарвинозро парвои оламу одам набуд. Вай соатҳои 8-9-и рӯз чашмонашро молида-молида аз хонаи хобаш мебаромад ва дасту рӯяшро шуста, худро рою торо медоду сари миз нишаста, хӯроки пухтаи хизматгорзанро мехӯрд ва боз ба утоқи худаш даромада бо ҳамин то нисфирӯзӣ намебаромад. Чанд бор ҳамсояҳо эрод гирифта бошанд ҳам, хушдоманаш “майлаш, бигзор хоб равад, охир дар хонаи мо гов набошад, ки ҷӯшад, замин набошад, ки каланд занад, барвақт хеста чӣ кор ҳам мекунад” гӯён, даст афшонда монд. Мебоист Сарвиноз чунин модаршӯйи меҳрубонро тоҷи сар кунад, вале ин духтари айёра ба ҷойи худоро шукр гуфтан саду як тори макру ҳила метанид, то ҳарчи тезтар ба хонаи алоҳида бикӯчанд. Арӯсаки беҳаё бешармона дар ҳаққи хушдоманаш туҳмат карда “модарат ба ман хӯрок намедиҳад, рӯзи дароз гуруснаю ташна мегардам” гӯён, модаршӯяшро ба шавҳараш бадгӯйӣ мекард. Азбаски пеш аз тӯй волидонаш ба издивоҷи вай бо Сарвиноз розӣ набуданд, Маъруф ба гапҳои дурӯғи занаш бовар карда, ҷигархун мешуд, ки аз рӯйи вай шуда Сарвиноз ин қадар ранҷу азоб кашида истодааст. Ниҳоят пас аз се ҳафтаи тӯй вай ба хулосае омад, ки ба хонаи худашон мекӯчанд, то дигар модараш ҳамсари ӯро таҳқир карда азоб надиҳад.

Бе дуои сафед

Сари субҳ Маъруф аз хоб бархоста дасту рӯяшро шусту вақти наҳорӣ ба падару модараш шунавонда истода ба Сарвиноз фармуд:

-Занакҷон, либосҳоятро ҷамъ кун, бас аст дар ин хона гап шунида гаштан, имрӯз ба хонаи худамон мекӯчем. Дар он ҷо касе пишаки туро пишт намегӯяд!

-Писарам, камтари дигар сабр кун, ақаллан чиллаатон барояд, баъд мо, худамон маъракачае ороста бо дуои сафед шумоёнро ба хонаи худатон гусел мекунем,-маслиҳат дод модар.

-Шумо дар ин чанд рӯз арӯси маро бо заҳри забонатон хуб “зиёфат” дода сер кардед, дигар ҳоҷати дар ин хона монданаш нест,- ғурунгид Маъруф.

-Ту чӣ гуфтӣ? Ман зани туро заҳр мезанам?! Ҳой бача, магар аз Худованди ҳамадон наметарсӣ, ки дар ҳаққи модари худат чунин туҳмат мекунӣ? О ман дигар хушдоманҳо барин соати шаши саҳар хеста хонаю ҳавлиро ҷорӯб зан нагӯям, косаю табақ шӯй нагӯям, барои ман хӯрок пазу либосҳоямро шуста ҷойи хобамро тахт кун нагӯям, худаш шоҳу табъаш вазир, кай вақте хоҳад мехезад, чизе хоҳад мехӯрад, чи коре, ки хоҳад, мекунад, эркагӣ аз ин зиёд намешавад,-ранҷидахотирона гуфт модар.

-Эй занак, беҳуда гапатро ба инҳо ҳайф накун! Садқаи гап шаванд, ин кӯрнамакҳо! Аз ҳамин хел хона, ки ноз кунанд, бало ба пасашон! Бигзор раванд! Равед, тезтар равед, ки ман дигар афту башараатонро набинам,-дод зад падари Маъруф, ки носипосии писар аз мағзи ҷонаш гузашта буд.

-Меравем, албатта меравем! Сарвиноз, зудтар либосҳоятро ҷамъ кун,-паст наомада ситеза намуд Маъруф.

Лаҳзае пас Сарвинози маккора, ки сабаби ин ҳама дилсиёҳиву моҷарои Маъруф бо падару модараш гашта буд, сумкаи либосҳояш дар даст аз ошёнаи дуюм фаромад ва зану шавҳар бе дуои сафеди волидон ба хонаи худашон равон шуданд.

Шоҳбону

Сарвиноз дар хонаи худаш мисли шоњбону зиндагӣ мекард. Маъруф тамоми техникаи рӯзгорро фароҳам оварда бошад ҳам, зани эркааш дасташро ба оби тар задан нахоста талаб намуд, ки хизматгор бигирад. Маъруфи дар ишқи ин гадодухтари бо дидани зиндагии шоҳона мастшуда обу адо гапи занашро ду накарда зани миёнасолеро киро кард, то пухтупаз, ҷомашӯйӣ ва дигар корҳои рӯзгорро анҷом диҳад. Акнун Сарвиноз рӯзи дароз пулт дар даст дар назди экрани телевизор менишаст ва рӯзҳоро бо тамошои сериалҳои хориҷӣ бегоҳ мекард...

Рози дили зани эрка...

Билохира аз субҳ то шом дар назди экрани телевизор нишастан ҳам ба дили ин ҷавонзани эркатулфор зад ва шоме ба шавҳараш рози дил карда гуфт:

-Ҷоник, маро дар ягон ҷо ба кор монед...

-Магар аз ягон чиз танқисӣ мекашӣ?-Бинии ҳамсарашро шӯхиомез пучида ҷавоб дод Маъруф,-Дилат чизе мехоста бошад, гӯй, банда дар хизмат, дар як дам амри шоҳбонуро иҷро мекунам!

-Гап дар сари пул ва чизу чора намеравад. Ту рӯзи дароз аз паси кору бори худат овораӣ, охир ман то ба кай роҳи туро поида мешинам. Кадом рӯз дар байни ин чор девор аз зиқӣ кафида мемурам,-чашмони бозингарашро айёрона тоб дод Сарвиноз...

ИДОМААШРО ФРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД