Кӯдакон азобҳои дар хонаи бобою бибии модариашон кашидаашонро ба падарашон нақл карда, зорӣ менамуданд, ки дигар онҳоро ба қишлоқ набарад...
Парӣ аз лаби дарё
Аз байн як сол гузашт. Рӯзе дӯстонаш ба ҷону ҳоли Маъруф намонда ӯро дамгирӣ бурданд. Дар лаби дарё зиёфат ороста аз ину он чақ-чақ карда нишаста буданд, ки аз дур духтараки мавзунқомате пайдо шуд.
-Ин қадар хушрӯй, парӣ бошад ё одамӣ?-Ҳазл кард Маъруф.
-Ҳозир мефаҳмем,-инро гуфта дӯсташ Карим ба сӯйи ӯ чашмак зад.
Карим аз паси духтар давида барои ба гап андохтани “парии лаби об” хеле кӯшиш кард, вале духтарак дар ҷавоб ҳатто як сухан ҳам нагуфт.
-Духтари зебо, лекин гунг будааст,-Бохташро ба гардан гирифтан нахоста афсӯс хӯрд Карим.
-Агар ман ҳамин “гунг”-ро ба гап дарорам чӣ?!-Нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт Маъруф.
-Наметавонӣ! Мани дар духтарбозӣ устухон надошта натавонистаму...,-даст афшонд Карим.
-Биё, шарт мекунем, агар тавонам, ту боз як бори дигар дар ҳамин ҷо зиёфат медиҳӣ?
-Натавонӣ чӣ?
-Натавонам, ман шумоёнро зиёфат медиҳам.
-Майлаш, ман розӣ, лекин шартро бой диҳӣ, дар ин ҷо не, дар ягон тарабхонаи қимат зиёфат ташкил мекунӣ,-таъкид кард Карим.
-Майлаш. Ҳасан ту шоҳид,-инро гуфта Маъруф аз ҷояш бархост ва аз паси “парии гунги лаби об” равон шуд...
Маъруф аз паси “парии гунг” давида ба зудӣ ба духтарак расида гирифт ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳамагӣ як лаҳза ба гапаш гӯш кунад, баъд метавонад бемалол роҳашро идома диҳад. Духтар дар ҳайрат афтида, саволомез ба ӯ нигарист.
-Духтари зебо, ман мисли дигар ҷавонмардон сари шуморо бо гапҳои хушку холӣ гаранг карданӣ нестам. Ман Маъруф, зодаи шаҳрам. Хонаву дар ва тамоми шароитҳои заруриро дорам, вале касе нест, ки зиндагиамро маънӣ бубахшад. Хуллас, зангирам, агар зид набошед, бегоҳ ба хонаатон хостгор мефиристам...
-Духтаракро гӯё барқ зада бошад, лаҳзае дар ҷояш карахт шуда монд.
-Мефаҳмам, ин гапҳоро шунида шумо маро девона ё савдоӣ гумон кардед, вале дар асл чунин нест. Ақли ман комилан дар ҷояш аст, аммо як хислати модарзод дорам-ҳарчи дар дилам бошад, ҳатман онро ба забон меорам. Дурӯягиву ваъдахилофиро дӯст намедорам...
Аз афташ ҷуръат ва ошкорбаёнии Маъруф ба духтар хуш омад, ки дар лабонаш осори табассум ҳувайдо гашт ва кӯзачаашро дубора сари китф бардошта пичиррос зад:
-Ихтиёри ман дар дасти худам нест, бо калонҳо гап занед...
Духтарак шитобон рафт. Маъруф ба пас гашта дид, ки як гуруҳ бачаҳо буҷулбозӣ доранд, яке аз онҳоро ба наздаш ҷеғ зад ва ба дасташ як даҳсомонӣ дода пурсид:
-Ҳо ана ҳамон духтараки кӯза ба дастро дидӣ?
-Ҳа, чӣ буд?-Ҳайрон шуд бача.
-Ман мехоҳам донам, ки ҳамон нозанин духтари кист ва хонаашон дар куҷост,-сари мақсад омад ҷавон.
-Шумо апаи Маҳбубаро мегӯед? Вай духтари амаки Ҳайдар аст, хонаашон ду кӯча болотар,-бача инро гуфту шитобон а назди ҷӯраҳояш рафт, вале барои Маъруф ҳаминаш ҳам кофӣ буд.
Вай бо чеҳраи хандон ба назди ҷӯраҳояш баргашта гуфт:
-Тайёриатонро бинед, ин бегоҳ хостгорӣ меравед!
-Ба куҷо?-Ҳайрон шуд Карим.
-Ба хонаи падари ҳамон “парии гунг”
-Шӯхӣ ҳам ба эбаш-дия дӯстам,-Суханони ӯро ҳазл пиндошт Карим.
-Ман шӯхӣ намекунам ҷӯраҷон, аллакай маслиҳатро бо духтар пазондам,-бо ваҷоҳати ҷиддӣ ҷавоб дод Маъруф ва афзуд,-аввал ҳамту як бор аз пеши падараш гузаред, агар розӣ шавад, баъд расман хостгор мефиристем.
-Магар девона шудаӣ, Маъруф, охир ту он духтарро намешиносӣ, намедонӣ, ки вай кисту чӣ хулқу хӯй дорад, чӣ тавр ба хонаашон хостгор мефиристӣ? Раваду ягон духтари бероҳа бошад...
-Бероҳа мебуд ба суханони ширини ту дода шуда, мулоқот таъйин мекард, вале вай ин корро накард-ку!
-Бероҳа набошад ҳам, ягон айби дигар доштанаш мумкин. Магар Сарвиноз ба ту дарси ибрат нашуд?! Эй ҷӯраҷон, биё мон ҳамон духтарҳои деҳотиро, кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз гуфтаанд,-даст афшонд Карим.
-Ин гапҳоро мону гӯй, ки меравӣ ё не? Намерафтанӣ бошӣ, ман ягон каси дигарро ёбам,-ситеза намуд Маъруф.
-Қарзи ман ҳамчун дӯст як бор туро огоҳ кардан буд, вале мебинам, ки ҳанӯз ҳамон бачаи якрав ҳастӣ, ихтиёр ба дасти бахтиёр гуфтаанд ҷӯраҷон, дилат, ки ба ҳамон “парии гунг” кашол бошад, мо ба хизмат тайёр, -ранҷидани дӯсташро дида, даст ба китфаш бурд Карим.
Хостгорӣ
Бегоҳ ҷӯраҳои Маъруф роҳи “Гузари боло”-ро пеш гирифтанд. Волидони Маҳбуба одамони меҳмоннавоз будаанд, аз куҷо ва барои чӣ омадани ин ҷавонмардони ношиносро надонанд ҳам, онҳоро бо иззату икром пешвоз гирифта, ба меҳмонхона дароварданд ва дар наздашон дастурхони пур аз нозу неъмат оростанд. Пас аз хӯрдани оши палови сергӯшт Карим, ки нисбати дигарон калонсолтар буд, риштаи суханро ба дасти худ гирифта гуфт:
-Амак, мо аз роҳи дур, аниқтараш аз шаҳр бо як нияти хайр ба хонаи шумо омадем. Маъруф ном дӯсти содиқ дорем. Падару модараш одамони соҳибмартаба, вале хоксоранд, худаш ҳам бачаи бад нест. хонаву дар, давлату сарват, хуллас ҳама чиз дорад, вале бахт надорад. Имрӯз тасодуфан аз дур духтари шуморо дар лаби дарё дида маъқул кардааст. Бачаи булҳавас мебуд, кӯшиш мекард, ки дили духтарро ёфта “ҷӯрабозӣ” карда гардад, вале покдилу покният, ки ҳаст, кӣ буданашро аз бачаҳои кӯчаатон пурсида моро ба хонаатон фиристод, агар розӣ бошед, мувофиқи расму таомул тӯю сур ороста тақдири ҷавононро бо ҳам пайвандем...
Амаки Ҳайдар “Мо як бор бо хешу табор маслиҳат карда бинем, баъд ҷавобашро ба шумоён мерасонем” гӯён, меҳмонҳоро гусел кард.
(ДАВОМ ДОРАД)