Лигаи футболи Тоҷикистон дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими мутантани ҷоизасупорӣ баргузор кард, ки дар он аз мавсими футболи 2025 натиҷагирӣ гардида, ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ эълон карда шуданд.
Ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар чорабинӣ ғолибони ҷоизаҳои инфиродии лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати ҷавонон ва лигаи якум муайян шуданд. Дар маҷмуъ аз рӯйи 18 номинатсия беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммад Назриев ва мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ гардид.
Назриев дар ин мавсим 30 гол зада, бо боварии том дар пойгаи нишонзанҳо ҷойи аввалро ишғол кард. Инчунин, Муҳаммад Назриев аз ҳайати "Истиқлол" беҳтарин бозигари ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ эътироф гардид. Назриев бо "Истиқлол" ғолиби мусобиқаи ҳайати ҷавонони Лигаи олӣ шуда, дар ҳайати тими миллии то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол баромад намуд.
Ҷамшед Баротов - сармураббии ҳайати ҷавонони КМВА беҳтарин мураббии ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ эътироф шуд.
Қурбоналӣ Бобоев - дарвозабони тими "Сардор" беҳтарин дарвозабони мавсим дар Лигаи якум дониста шуд.
Ҳамлагари дастаи “Душанбе” ва мунтахаби наврасони то 17-сола Назрулло Ашурализода беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои Лигаи якум гардид. Дар мавсими ба анҷомрасида Ашурализода 33 гол зада, дар рӯйхати нишонзанҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Некрӯз Зокиров аз ҳайати "Шодмон" беҳтарин бозигари Лигаи якум эътироф шуд . Дар мавсими ба анҷомрасида ҳамлагари дастаи “Шодмон”-и Ҳисор Некрӯз Зокиров бо 25 гол дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт.
Алишер Полвонов - сармураббии "Парвоз"-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин мураббии соли 2025 дар Лигаи якум эътироф шуд. Дар ин мавсим Полвонов бо дастаи "Парвоз" ғолиби Лигаи якум шуда, роҳхати Лигаи олиро соҳиб шуд.
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев - сармураббии дастаи "Сардор" бо ҷоизаи махсуси Лигаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ҳабибуллоев бо дастаи навкори "Сардор"-и Турсунзода ба Лигаи олӣ бори аввал роҳхат гирифт.
Гурӯҳи доварон - Гулмуроди Саъдулло, Ҳасан Каримов ва Фарҳод Қуралов беҳтаринҳои мавсим эътироф шуданд.
Адам Ковач - дарвозабони словакиягии дастаи «Вахш» беҳтарин дарвозабони соли 2025 дониста шуд. Дар ин номина Евгений Гритсенко аз «Равшан» ва Далер Азизов аз “Ҳосилот” низ шомил буданд.
Содиқҷон Қурбонов аз ҳайати "Истиқлол" беҳтарин дифоъгари сол дониста шуд. Барои ин ҷоиза ҳамчунин, Алиҷон Кароматуллозода аз "Равшан" ва Сергей Яворский аз "Вахш" мубориза бурданд.
Амирбек Ҷӯрабоев аз ҳайати "Истиқлол" беҳтарин ниммуҳофизатгари сол эътироф шуд. Бенжамин Ампонса аз "Вахш" ва Азизбек Далиев аз "Барқчӣ" низ барои ин ҷоиза номзад буданд.
Абдухалил Боронов аз ҳайати КМВА беҳтарин ҳамлагари соли 2025 дар Лигаи олӣ дониста шуд.
Дар ин номина Боронов аз ҳамлагари "Вахш" - Нуриддин Ҳамроқулов ва ҳамлагари "Равшан" - Шериддин Бобоев пеш гузашт.
Дмитро Билоноги украинӣ аз ҳайати "Вахш" беҳтарин бозигари хориҷӣ дар соли 2025 дониста шуд. Номзадҳои дигар Санҷар Рихсибоеви ӯзбек аз "Эсхата" ва Аянвале Олаолуваи нигериягӣ аз "Равшан" буданд.
Мутахассиси тоҷик Зариф Усмонов мураббии сол дар Лигаи олӣ эътироф шуд. Усмонов бо "Вахш" то анҷоми мавсим беҳтарин бозиҳоро нишон дода, даъвогари қаҳрамонӣ буданд ва дар охири мавсим ноиб қаҳрамон шуданд. Дмитрий Черишев аз "Равшан" ва Игор Черевченко аз "Истиқлол" номзадони дигар буданд.
Шон Поул Камолафе аз ҳайати "Хуҷанд" ва "Истиқлол" бо 12 гол беҳтарин нишонзани мавсим дониста шуд.
Нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар Амирбек Ҷӯрабоев бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷоизаи беҳтарин футболбози Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ инчунин беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2025 эътироф гардид.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев, ки имсол дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон 7 гол задааст, тақдим карда шуд.