Шаҳром Самиев, ҳамлагари дастаҳои мунтахабу олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол минбаъд фаъолияташро дар тими «Андиҷон»-и Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад.
Тибқи иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев бо дастаи «Андиҷон» шартномаи сесола бастааст ва барои идома додани фаъолияти варзишиаш ба Ӯзбекистон меравад.
Ёдрас мешавем, ки Шаҳром Самиев қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ», «Помир», «Истиқлол»-и Душанбе, «Рубин»-и Русия, «Шериф», «Динамо-Авто», «Зимбру»-и Молдова, «Торпедо-Жодино» ва «Ислоч»-и Беларус ҳунарнамоӣ кардааст. Охирин бошгоҳи Самиев «Милсами»-и Молдова буд.
Шаҳром Самиев аз соли 2019 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ карда, дар ин муддат дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат 27 бозӣ анҷом додааст ва 7 гол задааст. Дар Ҷоми Осиё-2023 Самиев дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ иштирок карда буд.