Футболбози «Тенерифе» дар синни 30-солагӣ даргузашт
Ҳамлагари бошгоҳи испании «Тенерифе» Хесус де Мигел дар синни 30-солагӣ даргузашт. Ӯ пас аз боздоштани фаъолияти қалб ҳангоми бозии чемпионати Сегундаи Испания ба беморхона интиқол ёфта буд.
Ҳодиса дар ҷараёни бозии даври 12-уми чемпионат миёни дастаҳои «Тенерифе» ва «Андорра» рух дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 идома дошт, аммо пас аз ҳодисаи мазкур бозӣ қатъ карда шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои испанӣ, дар лаҳзаҳои охири бозӣ дарвозабони «Андорра» Хесус Овоно ҳангоми бархӯрд ба қафаси синаи де Мигел зарба расонидааст. Баъди ин футболбоз худро бад ҳис карда, ба ёрии таъҷилӣ ниёз пайдо кардааст.
Де Мигел рӯзи 2 ноябр ба беморхона интиқол ёфта, дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт. Бо вуҷуди талошҳои табибон, ӯ субҳи 3 ноябри соли 2026, соати 08:00 даргузашт.
Бошгоҳи «Тенерифе» бо нашри изҳороти расмӣ аз марги футболбози худ хабар дода, ба аҳли оила, наздикон ва мухлисони даста изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Даргузашти Хесус де Мигел ҷомеаи футболи Испанияро андӯҳгин кардааст.