Фуруди скейтборбоз аз ошёнаи 22
05.10.2025
Oila.tj
74

Скейтборбози машҳури бразилӣ Сандро Диас дар синни 50-солагӣ ду рекорди нави Гиннесро гузошт. Ӯ тавонист бо скейт аз болои бинои 22-ошёна дар шаҳри Порту-Алегри поён шавад ва суръаташро то 103 км/соат расонад.

Барои варзишгар дар фасади бино рампае бо дарозии 70 метр сохта шуд. Диас чор бор кӯшиш кард ва ҳамаи онҳо муваффақ анҷом ёфтанд. Масъулони Китоби рекордҳои Гиннес дастоварди ӯро расман сабт карданд.

Тавре худи варзишгар гуфтааст, ӯ 13 сол орзуи ин корро дошт. “Ҳеҷ гоҳ орзуҳоро раҳо накунед!”,- таъкид мекунад Сандро.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД