Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ байни хонандагони литсеи назди донишгоҳ ва донишҷӯёну омӯзгорон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Озмун аз аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назм гузаронида шуд.
Ғолибон аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуда, барои иштирок ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷалб мешаванд.
Қобили зикр аст, ки шаш сол инҷониб озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари ҷомеа, махсусан насли ҷавон ба фарҳанг ва адабиёт, баланд бардоштани завқи китобхонии мардум, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 1 январи соли 2024 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли 2024 ба тасвиб расид.
Тибқи дастури Пешвои миллат, имсол барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун ба гурӯҳҳои буҷҷавӣ қабул мешаванд.
Имсол маблағи умумии мукофоти озмун 4 миллиону 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.