Sebiston new 2024 october
Фотима Машрабова ва Шоҳин Абдуллоев санъати тоҷикро муаррифӣ менамоянд
947

Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дирӯз, 26-уми август Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт. Дар он беш аз 300 нафар ҳунармандон аз 70 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Дар фестивал аз Тоҷикистон вазири фарҳанги мамлакат Матлубахон Сатториён ва бори аввал дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ ва узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок намуданд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, мусиқии суннатии тоҷикро дар фестивали “Таронаҳои Шарқ” ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб манзури иштирокчиён мегардонанд.

Ҳадафи фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД