Ман духтари 21-сола ҳастам. Чор сол боз бо ҷавоне гап мезанам. Ростӣ дар оғози шиносоиямон Ҷовид беҳад ҷавони хубу меҳрубон буд. вале вақтҳои охир асабиву дағал шудааст.
Мегӯяд, ки баъди оиладор шуданамон дигар ба донишгоҳ намеравӣ, сатр мепушӣ, аз хона намебароӣ, ба хонаи волидонат намеравӣ, бо ягон дугонаат гап намезанӣ. Ман ки озод ба воя расидаам, аз чунин шарту талаботҳои шавҳаршавандаам руҳафтода шудаам. Мехоҳам фотиҳаро гардонам, вале аз гапу калочаи ҳамсояву хешу ақрабо метарсам. Шартҳои Ҷовидро ба модарам гӯям, модарам маро сарзаниш мекунанд, ки ҷавони дӯстдоштаи худат аст, акнун дамата гирифта шин!
Аз аввал модарам барои издивоҷи мо розӣ набуд, вале мани беақл бо гиряву таваллои зиёд ӯро розӣ кардам. Маро чизи дигаре низ азият медиҳад. Қабл аз Ҷовид бо як ҷавони дигар гап мезадам ва дар ин бора ба ӯ нақл карда будам. Метарсам, ки баъди оиладор шуданамон Ҷовид ҳамин чизро баҳона карда, маро азоб медиҳад. Пештар ӯро дӯст медоштам, ҳоло бошад, дилам аз шиқам хунук шудааст. Ҳарчанд Ҷовид ба ман туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим мекунад, вале ҳеҷ дилам нисбаташ гарм намешавад.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Фотеҳаро гардонам?
Д.Б.