Formula novemver 2024
Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
918

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ба Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе “Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон” баргузор гашт.

“Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ”. Бо чунин унвон имрӯз дар меҳмонхонаи “Хилтон” Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гашта, дар ин чорабинии сатҳи баланди давлатӣ меҳмонони олиқадр аз Қазоқистон, бонувони сарвар аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

photo_2024-08-01_17-06-53

Чорабиниро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳадаф аз баргузории форум мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти дастрасии беҳтари бонувон ба захираҳои молиявӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон, мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ ва коркарди роҳу механизмҳои наву муассири пешгирии тамоми намудҳои зӯроварӣ ва таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа мебошад.

photo_2024-08-01_17-08-15

Дар кори Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон сардори Раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовири раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси “Алифбонк” Гуланор Атобек, Директори иҷроияи “АФОТ” Зебуннисо Фаттидинова, сардори шуъбаи гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оила Ҷавоҳир Акобирова, директори Маркази миллии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саидова, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, дар боби роҳу усулҳои муассисри беҳтар намудани дастрасии бонувон ба захираҳои молиявӣ ва пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила табодули назар намуданд.

photo_2024-08-01_17-00-58

Аз ҷониби Қазоқистон дар кори форум аъзои Комиссияи миллӣ оид ба корҳои занон ва сиёсати оилавию демографии назди президенти Қазоқистон Зулфия Байсакова, раиси Шӯрои занони фаъоли “Атамекен” Рамазонова Лаззат Каримқуловна, узви комиссияи кор бо занони назди ҳокими шаҳри Алма-Ато Жандай Сана Шайханқизи ширкат варзида, зимни баромадҳояшон аз таҷрибаҳои пешқадаме, ки дар Қазоқистон дар самти дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ, дастгирии бонувони соҳибкор ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила андешида шудаанд, ёдовар шуданд.

Меҳмонон зимни баромадҳояшон аз ҷумла зикр намуданд, ки ба хотири дастгирии бонувон бонкҳои дараҷаи дуюми Қазоқистон ба бонувони соҳибкор бо 5-7% солона қарзҳои имтиёзнок медиҳанд. Гузашта аз ин, ба модарони серфарзанд барои машғул шудан бо соҳибкорӣ ҳамагӣ бо 2%-и солона қарзҳои имтиёзнок дода мешавад.

photo_2024-08-01_17-08-07

Бонувони Тоҷикистон ба меҳмонон дар боби грантҳои бебозгашти президентӣ маълумот доданд, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии бонувон ва рушди соҳибкорӣ дар байни занон ҷудо карда мешаванд.

Иштирокчиёни форум дар қисми дуюми мубоҳисаҳои панелӣ мавзӯи зӯроварӣ нисбати занону духтаронро мавриди баҳс қарор дода, таъкид намуданд, ки зӯроварӣ дар оила ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Қазоқистон мавзӯи доғ аст. Ҳарчанд дар сатҳи давлатӣ барои пешгирии зӯроварӣ дар оила қонун ва санадҳои зиёди ҳуқуқӣ амал намоянд ҳам, сарнавишти талхи Салтанат Бишимбоева, ки моҳи ноябри соли 2023 ба дасти шавҳараш, собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон Куандык Бишимбоев ба таври ваҳшиёна кушта шуд ва марги фоҷиавии Мадина Мамадҷонова дар Душанбе, ки касеро бетараф нагузошта, сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварданд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки барои пешгирии зӯроварӣ дар оила чораҳои нав ба нав андешидан лозим аст.

photo_2024-08-01_17-06-44

Иштирокчиёни форум ҳамчун рамзи ҳамдилӣ ва ваҳдати бонувони Тоҷикистон ва Қазоқистон акси умумӣ гирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД