formula feb 2025
Фолбин хонавайронам кард (ҚИСМИ 2)
1228

Амри фолбин

Дар хонадони мо касе ба фолбину ғайбдон бовар надошт, падарам ҳамеша насиҳат мекард, ки касе ба назди фолбин равад, кофир мешавад. Аммо давобахш будани сураҳои «Қуръон»-ро доим таъкид мекарданд ва ба хҳамин хотир маро ба назди домуллои машҳуре барои дуохонӣ бурданд.

Хушдоманам ба ҳамаи ин иктифо накарда, ба назди фолбине рафтааст, фолбин ба ў гуфтааст, ки келинат ҷин дорад ва аз ў фарзанд намешавад. Ҷинҳояш марданд ва ўро ба писари ту рашк мекунанд… Ба ин гапи хушдоманам Баҳриддин даст афшонд, ман ҳам бори аввал ба рўйи хушдоман нигоҳ карда гуфтам: “Очаҷон, ин гап дурўғ аст”. Ў маро таъна кард, ки падари прафессори ту кофири атеист асту ба ҳамин хотир ба ин бовар надорӣ. Ман гуфтам, ки агар ман ҷин дошта бошам, худам ягон чизро эҳсос намекунам, ё шавҳарам? Аввал ин ки ман ба ин афсонаҳо бовар надорам, дуввумаш фолбин аз пеши Худо наомадааст, ки ҳама чизро донад!

Акнун ба хушдоманам Худо дода буд, ту ҷин дорӣ, аз ту фарзанд намешавад, ҳаёти сўхтагии бачам ва бисёр гапҳои дигар. Боре шунидам, ки хусурам ба вай мегуфт: очаш, келинамон ягон айб надорад, нав дуюуни сол шудааст, одамон панҷ сол, понздаҳ сол пас фарзанддор мешаванд, биё ўро хафа накун. Вале хушдоманам зане набуд, ки гапи касеро гўш кунад. Ў ба сари хусурам дод зад, ки ман понздаҳ сол як ҷинзадаро нигоҳ карда, мешинам-мӣ? Ва ин ҷанҷолҳои ў охир надоштанд…

Ҳукми хушдоман

Як рўзи шанбе саҳари барвақт хеста, наҳорӣ тайёр кардам, як одат доштам рўзи шанбе тамоми кору борро мекадам, то рўзи якшанбе каме ҳам бошад истироҳат кунам, ё ба аёдати падарам равам. Худам як финҷон қаҳва нўшида, нав ба тоза кардани ошхона оғоз карда будам, ки дари хонаамон тақ-тақ шуд. Хушдоманам онро кушоду акаи калониям ҳамроҳи апаам вориди хона гаштанд. Ҳайрон шудам, зеро агар онҳо омаданӣ бошанд занг мезаданд, ҳамин вақт хусураму Баҳриддин низ хестанду ҳамакаса ба меҳмонхона даромаданд. Хушдоманам маро ҷеғ зад, ман наздашон даромадам ва ў гуфт: “Зуҳал, шумо бояд ҷудо шавед ҳозир Баҳриддин талоқатро медиҳад ва ту ҳамроҳи акаву апаат ба хонаатон меравӣ”.

Ман ба Баҳриддин нигоҳ кардам, дар чашмони шавҳарам он қадар аламу ҳасрат дидам, ки дилам дар гирифт. Аз хусуру хушдоман ва акаву апаам шарм надошта, худамро пеши пойи шавҳарам партофтам ва фарёд задам: “Баҳриддинҷон илтимос ин корро накун, майлаш зан бигир, ман меравам, вале маро напарто, илтимос”!

Апаам медонист, ки ман то кадом дараҷа шавҳарамро дўст медорам ва ў низ ба зорӣ гузашт, вале Баҳриддин маро аз пеши пояш бардошта, ба оғўш кашид, аз пешонаам бўсиду гуфт:-“Талоқат кардам, хушбахт шавӣ”…

Инак ду моҳ мешавад, ки ман дар хонаи падарам ҳастам, рўзҳои дароз худамро ба кор бахшидаам, вале шабҳо пинҳон аз падарам то рўз ашк мерезам… Шавҳарамро фаромўш карда наметавонам, шояд ман фарзандор мешудам, вале як гапи дурўғи фолбине ҳукми сиёҳбахтиям шуд, лаънат ба ту эй шогирди иблис!!!

ЗУҲАЛ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД