Кенҷадухтар
Дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, дар маркази шаҳр ба воя расида бошам ҳам, ҳаргиз эрка набудам. Падари профессор ва модари духтурам мо - ду духтар ва ду писарро дар рўҳияи урфу одатҳои миллӣ ва меҳнатдўстӣ ба воя расонидаанд. Намегўям, ки сифр миллӣ мепӯшам, аврупоӣ низ ба бар мекунам, вале панҷ вақт намозамро ҳеҷ гоҳ тарк накардаам. Дар оила духтари кенҷагӣ ҳастам, волидону апа ва акаҳоям зиёд нозбардориям ҳам кунанд, аз худ нарафтаам. Апаам ба оилаи бонуфузе келин шуда рафт, акаҳоямро низ хонадор карда, рўзгорашонро ҷудо кардем, дар хонаи падарӣ ман мондаму падару модарам. Дарди бедавое модари азизамро аз по фитонд ва марги беамон ўро дар синни шастсолагӣ аз байн бурд. Падарамро марги завҷаи меҳрубону дўстдорашон зуд пир кард.
Ман донишгоҳро хатм карда, дар бонке ба ҳайси хазинадор кор мекардам. Хушдорони зиёде дошта бошам ҳам, ба хотири падарам шавҳаркуниро ба ақиб мепартофтам. Мехостем падарамро зан диҳем, то дар дами пирӣ марҳаме дошта бошанд, вале он кас розӣ нашуданд. Чун хостгорони навбатӣ дарамонро кўфтанд, падарам ҷавони зебову кордон будани домодшавандаро фаҳмидаву бо ў суҳбат ороста, моро фотеҳа карданд. Акаҳоям аз маҳали дигар будани домодшавандаро фаҳмида, неву нестон карданд, вале падарам “маълум, ки ҷавони хуб аст” гўён, гапи онҳоро ба инобат нагирифт.
Ишқ аз нигоҳи аввал
Аҳли оила ҷамъ шуда, маслиҳат карданд, ки ба навбат омада, хўроки падарро мепазему хонаву дарашро тамиз мекунем ва ҳамакаса маро бо хушу хурсандӣ, тўйи зебое ороста ба хонаи бахтам гусел карданд. Домодро бори аввал дар зери чодар дидам ва ба як нигоҳ ба вай дил бастам. Шавҳарам Баҳриддин қомати баланд, абрўвони сиёҳи пайваст, чашмони сиёҳи хумор дошт ва ниҳоят ростқавлу меҳрабон буд. Дар корхонаи бонуфузе ифои вазифа мекарду ҷавони хеле масъулиятшинос буд. Ў писари ягонаи волидонаш буд, ман зиёд мехостам барои хушдоманам духтар бошам, хушдоманам бо ман бо меҳр муносибат накунад ҳам, гапи сахтам намегуфту дар оилаамон тинҷиву оромӣ ҳукмфармо буд.
Ману хусуру шавҳарам ҳар субҳ кор мерафтему бегоҳ бармегаштем, аммо кушиш мекардам, ки аксари корҳои хонаро худам кунам, то барои хушдоманам вазнин наафтад. Маоши хуб мегирифтам, як қисмашро худам мегирифтаму ҳаштод фисадашро ба дасти хушдоманам медодам. Хулоса, зиндагии хубе доштем, байниману шавҳарам бошад ишқи бузурге буд мо якдигарро зиёд дўст медоштем. Шавҳарам кўшиш мекард, рўзҳои истироҳат ба тамошо бароем, рухсатии меҳнатиямонро албатта дар ягон осоишгоҳи зебо мегузаронидем, вале…
Ганҷи зиндагӣ
Хушдоманам зиёд мехост, ки ман ҳомила шавам, баъди як соли оиладорӣ, баъди гирифтани табобат ҳомила шудаму кўдакам дар семоҳагияш афтид. Хушдоманам маро ба бепарвоӣ айбдор мекарду, хуни дил мехурд, ки набераашро эҳтиёт накардам. Ман фақат мегиристам, Баҳриддин дар пеши модараш чизе намегуфт, вале ҳамин ки танҳо мондем, маро тасалло медод: “Зиқ нашав, азизам ҳоло ҷавонем, Худо хоҳад соҳиби чандин фарзанд мешавем ва модаам аз наберабонӣ безор мешавад, вале дигар ҳомиладор нашудам”…
Ду соли дигар он қадар табобат гирифтам, ки дигар аз дидани духтурон дилам танг мешуд, вале ҳеҷ не ки ниҳоли умрам сабз шавад. Хушдоманам ҳамоно маро айбдор мекард, оҳиста-оҳиста муносибаташ ба ман сард шудан гирифт. Худам мондаю зору парешон аз дар медаромадаму сар мешуд: “Ана келини фалониро ҳароҳи шумо тўй шуда буд- ку дидам, бачаҳакаш роҳгардон, ана бисмадонӣ дина тўй карду келинаш ҳомиладор”…
Баҳриддину хусурам зуд аз назди хушдоманам мегурехтанд дар ин ҳолатҳо, дигар ман мемондаму муқоиса карданҳои ў. Шабҳо сарамро ба шонаҳои шавҳарам гузошта, мегиристаму мегиристам, лекин ў ғайри ҳарфи тасалло ва меҳрубонӣ чораи дигар надошт. Духтурон мегуфтанд, ки на ту айб дорӣ на шавҳарат, бояд фарзанддор шавед, аммо барои хушдоманам гунаҳгори асосӣ ман будам…
ЗУҲАЛ
Таснифи Нисо ХОЛИД