sebiston july new
Фоида ва зарари мӯи дароз
539

Бо омадани духтараки нозукак ҳамаи модар орзу дорад, ки муйҳояшро дароз кунаду бо ороишоти гуногун ҳар рӯз ӯро шоҳдухтар намояд. Албатта, ҳар вақте ки ӯ бузург шуд, мувофиқи табъу завқи худ мӯйҳояшро оро медиҳад, аммо орзуи модар ҳанӯзам дар дилаш ҷӯш мезанад ва мехоҳад, ки бо ҳунарҳояш, духтарашро зебосанам намояд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои кӯдак ва наврас хуб аст?

Одатан, норизоӣ зиёд ба миён меояд, ки мӯи дароз дар кӯдак ба чашмонаш халал мерасонаду шона карданаш дарднок аст ва ҳоказо. Аммо, зиёд модарон ба он тарафдор ҳастанд, ки мӯи дароз дар кӯдак ӯро ба нозук будану ҳусни занонаашро нигоҳ доштан равона менамояд.

Дар бисёр вақт кӯдаконеро, ки мӯи кӯтоҳ доранд, ҳамсинфонаш шарм медороранду ӯро бача гуфта масхара мекунанд. Ин ба ҳолати равонии кӯдак таъсири манфӣ дорад.

Вақте навзод бо мӯи ғафсу дароз тавалуд мешавад, ин ҳодисаи камёфт аст, чунки бисёр навзодон ё мӯй надоранд ва ё мӯяшон кам асту он ҳам зуд мерезад.

Калонсолон бар он муътақиданд, ки зуд - зуд кӯтоҳ кардани мӯи сар онро ғафсу решаашро боқувват менамояд. Вале ин амал на дар ҳама такрор меёбад. Баромадан ва ғафсу дароз будани мӯи кудак ба табиати худи ҷисми ӯ вобаста аст.

Агар шумо ҳаваси зиёди мӯйсардарозии духтаратонро дошта бошед, бигзор мӯи сарашро дароз кунед, вале агар вақти ба ороиши духтаратон сарф кардан надошта бошед, пас, ӯро ин мӯи сари дароз азоб надиҳед. Чунки кудакони то даҳсола ҳатто баъди он ҳам аз уҳдаи ҳамвор кардани мӯи сари худашон намебароянд.

Мӯи дароз шартҳои нигоҳдорӣ дорад, ки агар онро риоя кунед ҳам шоҳдухтаратон хурсанд ва ҳам таъби шумо олӣ мешавад. Барои мӯйҳояш мувофиқи хислати он шампун ва балзамҳои мулоимкунанда интихоб кунед. Ҳар вақт ба ороишгоҳ бурда мӯяшро ба тартиби муайян дароред. Ин ҳам ҳусн ва ҳам сифати мӯйро нағз мекунад.

Инчунин, пеш аз хоб мӯи духтарчаатонро шона кунед. Ин амал ӯро ором мекунаду зуд хобаш мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД