Sebiston new 2024 october
Фоида ва зарари чочак
853

Бисёре аз кӯдакон баъди тавалуд гиряи аз меъёр зиёд мекунанд. Модарон на ҳама вақт тифлакро ором карда метавонанд ва маҷбуран ба ӯ чочак медиҳанд.

Албатта, чочак ба модар кӯмакрасони хуб аст, аммо ба ӯ додани чочак зарарҳои худро дорад, ки ҳар модар бояд аз он огоҳ бошанд.

Аввалан, чочак ба инкишоф ва шакл гирифтани ҷоғ ва баровардани дандон халал мерасонад. Шакли дандонҳо каҷ ва дар оянда зебоии даҳони кӯдакро безеб менамояд.

Сониян, тифлаконе,ки ба чочак одат доранд, хуши гап задан надоранд ва дер ба гапзанӣ медароянд. Калимаҳоро ҳам ба дурустӣ талафуз карда наметавонанд.

Чочак, инчунин, ба истеҳсоли аз меъёр зиёди кислотаҳои ҳалкунанда дар меъда мешавад, ки он ҳам ба саломатии кӯдак зараровар аст.

Хатари дигари чочак он аст, ки модарон ба таври худ чочакро тоза карда, дар даҳони худ меандозанду пасон ба кӯдак медиҳад. Дар ин ҳолат тамоми микробу бактерияҳои даҳони модар ба кӯдак мегузарад.

Модарон бояд хуб донанд, ки гирифтани чочак ба тифл аз ягон ҷиҳат фоиданок нест ва ҳадди аксар аз он бояд дурӣ ҷӯянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД