formula
Фоида ба зарари сақич
846


Ҳамин, ки ба мағоза даромадед, фурӯшанда ҳатман ба бақияи пулатон сақич медиҳад. Аслан аксарият намедонанд, ки сақич фоида дорад ё зарар, вале шахсеро пайдо намудан душвор аст, ки аслан сақич нахояд. Биёед мебинем, ки сақич чи манфиат ва зарар дорад?

Сақич он қадар дар тамоми олам васеъ паҳн шудааст, ки ҳатто рӯзи 23-сентябрро ҳамчун “Рӯзи сақич” эълон кардаанд. Пизишкон дар як мусоҳибаи худ бо РИА-Новости таъкид карданд, ки дар давоми 10-15 дақиқа истифода бурдани сақич пас аз ҳар як хӯрокхӯрӣ ба нигоҳ доштани солими дандонҳо мусоидат менамояд, вале сақичеро бояд интихоб кард, ки дар таркибаш қанди кам дошта, бидуни рангкунандаҳои сунъӣ бошад.
Игор Бондаренко, профессори кафедраи стоматологияи ҷарроҳии Пажӯҳишгоҳи стоматологияи Донишгоҳи якуми тиббии ба номи Сеченови Маскав мегӯяд:

"Баъд аз ҳар хӯрок 10-15 дақиқа сақич хоидан лозим аст. Умуман, бо истифодаи дуруст он муфид аст".
Вай тавзеҳ додааст, ки сақич барои тоза кардани холигоҳи даҳон кӯмак мекунад, илова бар ин, ғизои дар сӯрохиҳои дандонҳо дармондаро хеле хуб пок месозад, вале ба ҷои чӯткаи дандоншӯӣ танҳо сақич хоидан масъаларо ҳал намекунад. Назар ба гуфти духтур:
«Барои ноил шудан ба гигиенаи мувофик, албатта чуткаи дандоншуйи лозим аст.

Бо вуҷуди ин, коршинос афзуд, сақич бартариҳои худро дорад, масалан, он метавонад мушакҳои хоиданро дар шакли хуб нигоҳ дорад, гардиши хунро дар пародонт зиёд карда, пас аз хӯрдан эҳсоси тароват мебахшад.
Олимон сақичи хоиданро дар ISS озмоиш мекунанд, то кайҳоннавардонро аз пародонтит муҳофизат кунанд
Профессори кафедраи терапияи поликлиникаи Донишгоҳи Сеченов, доктори илмҳои тиб Алексей Буверов мегӯяд:
“Сақич хоидан барои меъда бехатар аст, агар кас онро фурӯ набарад.”

Ҳангоми интихоби сақич бояд ба он таваҷҷӯҳ кард, ки дар таркиби он шакар ва рангҳои сунъӣ хеле кам бошад.
Аммо бо вуҷуди фоидаовар буданаш сақичхоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои атрофиён нороҳаткунанда аст. Равоншиносон мегӯянд, хоидани сақич гӯшхароштарин садо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Олимони Амрико муайян кардаанд, ки мардуми сайёра аз ҳама бештар ба се овоз нафрат доранд. Дар пурсиши олимон зиёда аз ҳазор нафар ихтиёриён иштирок кардаанд ва дар асоси ин пурсиш маълум шудааст, ки барои мардуми тамоми ҷаҳон нафратовартарин овоз ин харошидани тахтаи синф бо бӯр (79%), хоидани сақич ва дигар навъи хӯрока бо даҳони кушода (76%) ва сӯҳбат бо садои баланд (74%) мебошанд. Дар ин бора сомонаи “The Rambler” иттилоъ медиҳад. Дар рафти таҳқиқ инчунин овозҳои форам низ муайян карда шуданд. Дар рейтинг овози борон, сурудхонӣ ва хандаи кӯдакона садоҳои оромкунанда дониста шудаанд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД