Sebiston new 2024 october
Фоҷиаи Юсуф ва Зулайхо Қисми 2
29.12.2022
Нисо
2115

                         Деви рашк

Шавҳарам пас аз як сол ба шуъбаи ғоибона гузашту бо ёрии рафиқони падараш дар ниҳоди бонуфузе ба кор даромад. Дар ин миён соҳиби ду писараки зебое гаштем, хусуру хушдоманам маро ба шаҳр ба назди шавҳарам фиристоданд.

Юсуфи ман рӯз ба рӯз хударо пурратар карда, зеботар мешуд ва деви рашк бо нохунҳои хуношомаш дили маро захмӣ мекард. Ман ҳамеша бо шавҳарам ҷангӣ будам, Юсуф худро ба кор бахшида буд, як лаҳзаи фароғат ёбад, онро бо писаронамон мегузаронид, аммо мани бадгумон ҳамеша дилашро сиёҳ мекардам. Пас аз гузаштани даҳ-понздаҳ сол Юсуф соҳибмансаб гашту ман бошам, зани сарватманду бологузар, аммо аз дуди сиёҳи рашкам ҳамеша ҳавои хонаамон абрӣ буд. На ҳавлии бошукӯҳ дар назарам метофту на боигарии шавҳарам, пас аз кор зуд ба хона баргаштанашро нодида гирифта, доим гумон мекардам, ки ӯ маъшуқабозӣ мекунад. Деви рашк маро ба чӣ пастиҳо, ки набурд. Аз қафои шавҳарам ҷосусӣ мекардам, боре котибаашро, ки духтараки ҷавоне буд, зери мушту лагат гирифтам, модари ӯ ба хонаам омада, чунон ҷангу ҷанҷол бардошт, ки ҳамсояҳо ва хизматгорзан ба зӯр оромаш карданд. Худам низ аз ин кирдорам шарм доштаму чанд вақт ором гаштам. Юсуф низ нафаси осуда кашид, вале…

                 Хуруҷи дарди ҳарина

Худам хуб медонистам, ки бо даҳони бефаровезу ҷангу ҷанҷолҳоям ба дили шавҳарам задаам, агар хотири Заршеду Фаршедам намебуд, Юсуф як дақиқа ҳам бо ман зиндагӣ намекард. Ҳамсарам падари хубе буд, писаронам дар беҳтарин мактаб хонда, мисли падарашон доною баҳуш буданд, одобу тамизи хубе доштанд. Юсуф ҳама хоҳишҳои маро иҷро кунад ҳам, дар бистар бо ман меҳрубон набуд, ҳама ташаббусро дар рахти хоб худам ба даст мегирифтам, гӯё ман мард будаму ӯ зан. Ин ҳама маро девона мекард, Юсуф аз тарси девонагиҳои ман занҳои миёнсолу безеберо ёфта, котиба мегирифт. Котибаи навбатияш Нисохола бемор шуда, аз кор рафт ва як «қадрдон» хабар овард, ки котибаи навбатии шавҳарам духтараки болобаланди зебоест. Чун инро ба Юсуф гуфта, норизоӣ баён намудам, ӯ оромона гуфт:

-Гӯш кун, Нигора хоҳарзодаи як рафиқам асту ду моҳ пас тӯйи арӯсияш баргузор мегардад. Рафиқам девонагии туро медонад, аз ин рӯ, то ёфтани котибаи нав ҷиянашро наздам ба кор монд, боварӣ дорам, ки маро шарманда намекунӣ?! - Юсуф хоҳарзода гуфту пеши назарам симои духтари апаам Сарвиноз ҷилвагар шуд, ки чун як себи дукафон ба ман монанд буду ҳамагӣ як ҳафта пас барои супоридани ҳуҷҷатҳояш бояд ба пойтахт меомад. Апаам ҳамеша аз вай шикоят мекард, ки якраву гапнодарост, кампири модарам бошад, бо лабханди талх илова мекард:

-Нусхаи холааш аст!

Ба Юсуф гуфтам, имсол Сарвиноз донишҷӯ мешавад, ӯро ба шуъбаи ғоибона дохил мекунему котибааш мегирӣ, ҳам диплом мегирад, ҳам барои шавҳаркунияш ҷиҳоз меғундорад. Юсуф бепарво “хайр мебинем” гуфта, баромада рафт…

                     Сарвиноз

Пас аз ду ҳафтаи ин гуфтугӯ Сарвиноз ҳамроҳи апаам ба хонаи мо омад, язнааш ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи бонуфузе супорид, апаам пеш аз хайрухуш гуфт:

-Хоҳарҷон, духтарамро ба туву туро ба Худо месупорам, насиҳат намо, то каме одам шавад! Бо омадани Сарвиноз зиндагӣ дар хонаи мо ранги дигар гирифт, Заршеду Фаршед, ки яке дар синфи шаш, дигарӣ дар синфи ҳафт мехонданд, аз муошират бо апаҷонашон серӣ надоштанд, Юсуф низ хурсандии писаронашро дида, Сарвинозро таъриф мекард. Духтари хоҳарам он қадар соҳибҷамол буд, ки бинанда як бори дигар бинам мегуфт, бар замми ин қобилу тозакор буд. Баробари хизматгорзан корҳои хонаро мекард, либосҳои язнаашро тозаю дарзмол карда, ҳар субҳ ана инро пӯшед, ин гарданбандатон хушрӯ гӯён, гирдаш парвона мешуд. Дили худам низ боғ-боғ мешукуфт, дар симои Сарвиноз духтардор шуда будам, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар ҳамин давра Юсуф низ ба ман меҳрубон гашта буд. Сарвиноз имтиҳонро ба сари баланд супорида, донишҷӯ шуд ва язнааш ӯро ба шуъбаи ғоибона гузаронида, дар корхонааш ба кор гирифт, акнун ҳар субҳ онҳо якҷоя ба кор рафта, бегоҳ бармегаштанд. Рӯзҳои шанбею якшанбе Юсуф мо аҳли оиларо барои тамошо ба ягон гӯшаи зебо даъват мекард, Сарвинозро баробари фарзандонам дӯст медоштам ва ба апаам гуфтам, ки насиб бошад, ӯро худам ба шавҳар медиҳам.

                   Маъшуқаи телефонӣ

Ба ҳамин минвол ду сол сипарӣ гашт, Сарвиноз рӯз аз рӯз тозатару зеботар мегашт, язнааш пул медод ва ман барояш ороишоту либосҳои зеботаринро харидорӣ мекардам. Юсуф тамоман одами дигар шуда буду чун ҷавони ошиқ маро рӯ-рӯи даст мегардонд, ман инро аз пайи қадами Сарвиноз дониста, меҳрубониро ба ҷиянам арзонӣ медоштам. Тобистон фаро расиду дарсҳои Сарвиноз низ шурӯъ шуданд, мо хонаро ба Сарвинозу хизматгорзан гузошта, оилавӣ ба осоишгоҳи хориҷие дамгирӣ рафтем. Дар осоишгоҳ Юсуф хеле асабӣ менамуду ба ману писаронам хуб гап намезад, фарзандонам маҳви тамошои зебоиҳои табиат инро пайхас накунанд ҳам, ман ба хубӣ мефаҳмидам, ки дарди шавҳарам пазмонист, вале пазмонии кӣ?! Як шаб Юсуф ба айвон сигоркашӣ баромада буд, ки ба телефонаш паёмак омад, ман онро кушода хондам, чунин навишта шуда буд:

-Офтоб задай соя таги анҷирай,

Ҳайфи ёрам дар оғӯши кампирай…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД