Духтари якрав
Дар оилаи ашхоси баобрӯ ва сарватманд ба дунё омадаам, байни чор фарзанди падар, ягона саркашу якрав ман будам. Модарам нимшӯхию нимҷиддӣ маро «девонаи ҷарапар» мегуфт, зеро баръакси апаи сархаму меҳрубону насиҳатшунавам, ман беодоби гузаро метофтам. Бибии падариям, ки бо мо мезистанд, ҳамеша пуштибонам буданду ба падару модарам мегуфтанд, ки духтар ҳама нозу бозорашро дар хонаи падар мекунад, фардо шавҳар карда рафт, сархаму гапдаро мешавад. Модарам аз ин пуштигириҳои бибиям қаҳрашон омада, бо лабханди талх мегуфтанд, “аммаҷон, шумо ӯро бадтар эрка мекунед ва фардо дар зиндагӣ азоб мекашад”. “Ҳеҷ гап не” бепарво даст меафшонд бибиям, “кенҷагиҳо ҳамин хел хушноз мешаванд”, мани ба қавли бибиям хушноз қад кашида аз навраси жулидамӯй ба духтари соҳибҷамоле табил ёфтам. Дар мактаб ҳама бачаҳо аз ман ҳазар мекарданд, зеро аз заҳри забонам метарсиданд, вале ман худам ошиқ шудаму ишқ маро тағйир дод…
Юсуфи афсонаҳо
Дар синфи даҳ мехондем, ки роҳбари синфамон ҷавони зебоеро ба синф дароварда, бо мо шиносонид:
-Бачаҳо, ин ҷавони зебо ҳамсинфи нави шумо Юсуфҷон, падарашро дар ноҳияи мо сардори шуъбаи милитсия монданд ва оилаи онҳо барои зиндагӣ ба ин ҷо омадаанд. Марҳамат қабул кунед ва дӯст доред.
-Зулайхо, ана Юсуфатро оварданд,- ба ман нигариста, шухӣ кард, дугонаам Саида. Ман ба сӯи вай нигоҳи норозиёна партофта бошам ҳам, дилам аз ин шӯхии ширини ӯ дар сина шодона тапид, зеро ҳамсинфи навам ба ман хеле писанд афтода буд. Оҳиста-оҳиста Юсуф бо аҳли синфи мо унс гирифта, одами худӣ шуда монд, духтарони синф дар гирдаш парвона бошанд ҳам, ӯ танҳо ба ман нигоҳҳои харидорона мепартофт. Ман дар дил аз рашк дар гирам ҳам, худро бепарво нишон медодам, ҳамааш аз он сар шуд, ки аёми наврӯз мо ҳамроҳи ҳамсинфон ва роҳбари синфамон ба лолачинӣ рафтем…
Сайри лола
Роҳбари синфамон марди хеле доно ва бофазилат буданд, солҳои навади асри пор ҷашн гирифтани Наврӯз аз нав ба ҳукми анъана даромада буду муаллимамон мехост мо онро дар домани дашту даман пешвоз гирем. Духтарон пухтупаз карданду писарон бошанд, масолеҳи ошро аз хона гирифтанд ва мо дар доманакӯҳе хайма задем. Мошинро барои бурдани мо падари Юсуф ташкил карда буд, ҳама ҳамсинфон, ҳатто муаллим бо ду муаллимаи русамон ба болои мошини боркаш баромаданд, дар кабинаи паҳлӯи ронанда Юсуф менишаст. Ҳангоми ба мошин савор шудани мо ӯ маро фарёд кард:
-Зулайхо, биё дар паҳлӯи ман шин, ҷой ҳаст,- ман ҳам не нагуфтам. Ҳамон рӯз барои мо тақдирсоз баромаду ману Юсуф аҳди муҳаббат бастем. Акнун мо рӯзҳои дароз бо ҳамдигар будем ва ҳама медонистанд, якдигарро дӯст медорем. Мактабро хатм кардему Юсуф барои идомаи таҳсил ба пойтахт роҳ пеш гирифт, аммо падару бародарони ман зидди хондани ман буданд. Аммо ман….
Қасд ба ҷон
Юсуф барои хайрухуш ба назди ман омада гуфт:
-Зулайхо, ман пеши худ мақсад гузоштаам, ки аввал хонда, баъд оиладор шавам. Туро волидонат хондан намемондаанд, аз ин рӯ, интизори ман нашуда, одами хуберо ёфта, оиладор шав!- Ман шаппотие ба рӯи Юсуф зада, ба хона баргаштам, асабҳоям чунон вайрон буданд, ки намедонистам чӣ кор кунам. Дар навори гумонҳои зиштам Юсуфамро дар иҳотаи духтарони шаҳрӣ дида, девона мешудам. Ба хотири қасд гирифтан аз Юсуф дар варақчае чунин навиштам:
-Ман худамро барои он куштам, ки Юсуф бо фиреб доманамро доғдор кард…,-ҳол он ки Юсуф, ҳатто маро набӯсида буд. Варақчаро болои мизи чойхӯриамон гузошта, ба ҳаммом даромада, раги дастонамро буридам, чун ба худ омадам, худамро дар беморхона дидам, болои сарам модарам ашк мерехт. Падари Юсуф ба хотири нарехтани обрӯ ва доғдор нашудани номи худашу писараш аз падарам узр хоста, дар як ҳафта тӯй ороста, маро ба писараш дод. Бародару янга, модару хоҳари Юсуф ба ман чун ба девона менигаристанд, дар хонадони шавҳар обрӯ надоштам. Юсуф мани келинчакро гузошта, барои супоридани имтиҳони қабул ба донишгоҳ рафт, пас аз бозгашт мо чун ширу шакар гаштем. Ман бо навозишу дилбарӣ дили шавҳарамро ёфтам.
Давом дорад