Асмоа нав ба синни 10-солагӣ қадам гузошта буд. Ин духтараки фатиламӯй нозидаву болида бо ҳамсолонаш шӯхию бозӣ мекард. Духтарчаи ситорагарму чеҳрахандон ба мисли офтобаки баҳорӣ бо табассумҳои ширинаш дили падару модар ва наздиконашро ба ҳаёт гарм карда, онҳоро умеди зиндагӣ мебахшид, аммо...
Дигар садои хандаҳои беғаши ин фариштачаи заминӣ ба гӯш намерасад!
Асмоа ба сони кабӯтараки сафед дигар дар байни бачаҳои ҳамсолаш пар-парзанон даву тоз намекунад.
Дигар ин духтарчаи шӯху зебо ба хонаи ҳамсоя дугонабозӣ намеравад.
Ба ҷойи қаҳқаҳаи дилфиреби Асмоа акнун аз кошонаи онҳо садои нолаи ҷонгудози нола ва “ во балам”-гӯӣ ба гӯш мерасад...
Ин фоҷиаи хунин санаи 3-апрел, тахминан соатҳои 12.30 сар зад. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Самариддини Сангмад ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М. Вайсов аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, духтарчаи ноболиғ Иззатуллоева Асмоаро пахш намуд. Асмои 10-сола бар асари ин садамаи қисматсӯз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Бори дигар хоҳиш мекунем!
Ронандагони азиз, ҳангоми ҳаракат дар роҳ хеле эҳтиёткор бошед, то ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!