formula
САДАМА САБАБИ МАРГИ ДУ КАСУ ЗАХМӢ ШУДАНИ ЧАНД НАФАРИ ДИГАР ШУД
2100

Рӯзи 15 август, тахминан соати 04:10 дақиқаи субҳ, Негматов Муҳамадҷон, соли таваллудаш 1953, ки бо мошини “Опел - Астра” аз шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Бохтар мерафт, дар ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кушониён аз уҳдаи идора кардан набаромада, мардии тахминан 45 - 50 соларо пахш кардааст. Ронанда зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун буд.

Дар натиҷа пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Барои муайян намудани шахсияти ҷасад аз тарафи кормандони милитсия чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Инчунин, ҳамон рӯз тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел - Вектра», Чаққонов Самрат Рӯзимуродович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Панҷакент, низ ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Ёрӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст, ки дар натиҷа, бародараш Чаққонов Ҳусейнбой Рӯзимуродович, соли таваллудаш 1998, ки мусофири нақлиёт буд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Мусофирони дигари дохили автомашинаи мазкур: Ҷамилова Кимиё Ҳакимовна, соли таваллудаш 1965, Чақконова Сулҳия Рӯзимуродовна, соли таваллудаш 1989, ноболиғ Самияи Рӯзимурод, соли таваллудаш 2005 ва хурдсол Сафарзода Абдураҳмон, соли таваллудаш 2019, сокинони ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД