Arzon march 2024
ФОҶИА ЯК МУРДАВУ ЯК ЗАХМӢ БОҚӢ ГУЗОШТ
2577

Дар ин шабу рӯзе, ки дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат ҷараён дорад, тақрибан дар ҳар кӯчаву хиёбон 2 - 3 крани борбардор кор карда истодааст. Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ моҳи июни соли гузашта хабар дод, ки дар сохтмонҳои пойтахт беш аз 100 кран фаъол аст.

Шоми 8-уми август дар кӯчаи Сурхоби пойтахт як крани борбардор чаппа шудааст. Дар ин ҳодиса бомпӯши чанд хона хароб шудааст.

Инчунин, бар асари чаппа шудани кран як сохтмончӣ ҳалок шуда, як каси дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дарозии кран 35 метр буда, он ба ширкати "Хиштрез" тааллуқ дорад.

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст. Мақомот сабабҳои чаппа шудани крани борбардор ва миқдори зарари расидаро баррасӣ доранд.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД