Тааҷубовар он аст, ки ду садамаи маргбор дар як рӯз ва дар як соат дар кишварамон рух дод, ки дар натиҷа мусофири дохили воситаи нақлиёт ва пиёдагард ба ҳалокат расидаанд.
Аз ҷумла, 2-рӯз пеш, тахминан соати 17:30 дар деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор ронанда Ҳалимзода Шаҳбози Мирзоқул, соли таваллудаш 1998, бо мошини тамғаи “Опел-Вектра” ба садама дучор шуд. Мавсуф сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор буда, дар рӯзи садама аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти маркази шаҳри Ҳисор сафр доштааст. Автомобили Шаҳбоз ба девори канори рости роҳ бархурда, дар натиҷа мусофир Гулекова Мавзуна Акбарҷоновнаи 28-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт ва дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд.
Инчунин, худи ҳамон рӯз, тахминан соати 17:20 Сайфов Сайфулло Фазлиддиновичи 33-сола ронандаи автомобили тамғаи “Лексус” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кушониён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Фахриддинов Зокирҷон Нуриддиновичро пахш намудааст. Маҳрум Зокирҷон ҳамаӣ 13 сол дошт. Нав айёми наврасӣ ва лаҳзаи ширини ҳаёташ фаро расида буд, ки умр барояш вафо накард. Ӯ сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш буда, дар МТМУ №57 дар синфи 7-ум таҳсил мекард.
Хабар дар асоси хабари сомонаи расмии ВКД таҳия шуда, тибқи манбаъ аз рӯйи ҳаводис тафтишот идома дорад.