1 июни соли ҷорӣ дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ Мавлавӣ Сиддиқовро ҳам ба хок супурданд. Мавлавӣ, ки як ҳафта дар кома дар беморхона қарор дошт, инак сеюм қурбонии садамаи нақлиётии субҳи 27 май аст.
Он шаб мошини онҳо дар роҳи калони Душанбе – Ваҳдат ба девори бетонии байни роҳ бархӯрда, пора - пора шуд. Қурбониёни ин садама ҳамагӣ 19 сол дошта, лаззате аз зиндагӣ набурда буданд. Рафиқони ӯ Абдураҳмон Алиев ва Суннатулло Назаров он шаб дар ҷои садама ба ҳалокат расида буданд. Ронандаи мошин Абумуталиб Абдуалимов айни ҳол дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад.
Раёсати корои дохили паойтахт хабар дод, ки “субҳи барвақти 27 май, тақрибан соати 04:15 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 4400 ОК 01 Абдуалимов Абумуталиб Беҳрӯзович, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С. Айнӣ ба самти маҳаллаи Ховарон дар назди бинои №1 кӯчаи Зебуниссо бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ 2 мусофири ин мошин Алиев Абдураҳмон Асланбекович (соли таваллудаш 2001) ва Назаров Сунатулло Муҳаммадович (соли таваллудаш 20010, истиқоматкунандагони н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ронанда Абдуалимов Абумуталиб ва мусофири дигараш Сиддиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович, соли таваллудаш 2001, низ истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд”.
Мутаассифона, табибон бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд натавонистанд, ки ҷони Мавлавии ҷавонро аз панҷаи аҷал наҷот диҳанд. Ӯ рӯзи 1 июн дар ҳолати беҳушӣ аз олам чашм пӯшид. Ба гуфти расонаҳо он шаб Абумуталиб, писари Беҳрӯзи устои мошин як мошини тамғаи "Мерседес Сечка” - ро, ки кадом муштарие барои таъмир оварда буд, гирифта, се рафиқаш – Абдураҳмон, Суннатуллоҳ ва Мавлавиро савор карда, ҳамроҳ ба сайругашт мебароянд, вале мошинашон дар маҳаллаи 7 – ум километр дучори садама шуд.
Абдураҳмон Азиев, писари Ҳоҷӣ Аслам ва бародарзодаи Саттор Алиев, раиси собиқи ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдуҷаббор Алиев, яке аз кормандони собиқадори вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд. Ҳарчанд кормандони мақомот гуфтанд, ки ин мошини "Мерседес” бо сабабҳои номаълум ба девори бетонии маркази роҳи Душанбе – Ваҳдат бархӯрдааст, вале ба гуфти сокинони Ҳазрати Мавлоно он шаб онҳоро кормандони БДА манъ кардаанд, вале ҷавонҳо тарсида, фирор кардаанд. Онҳо аз тарс суръатро баланд карда, ба девор бархӯрдаанд. Дар видео ва аксҳое, ки РВКД Душанбе нашр кардааст, дида мешавад, ки мошин бар асари ин садамаи сахт чанд пора шудааст.