Як корбари фаъоли фейсбук бо исми Бахтиёр Қутбиддин дар саҳифаи шахсии худ хабар дод, ки ду рӯз қабл дар натиҷаи бориши зиёди борон ва фаромадани сел 920 гӯсфанд ба ҳалокат расиданд.
Ин ҳодиса мардуми деҳаи Сарқутайи вилояти Суғдро сахт нигарон намуд ва ҳатто эшон аз дидани ин манзара ашк рехтанд.
Истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии фейсбук баъди дидани аксҳо ва мутолиаи хабари мазкур ба қавле “шок” гаштанд ва зери ин хабар ҳамдардиашонро ба соҳиби ин молҳо расониданд. Ба гуфтаи Бахтиёр Қутбиддин ҳамаи мардуми Сарқутай бо дидани ин ҳодиса ангушти ҳайрат мегазиданд ва соҳибони ин гӯсфандонро бо омадани сел ва бориши зиёди борон барои аз даст додани молҳояшон ҳамдардӣ баён мекарданд.
Гурдофарид, ки сокини деҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, ба хабарнигори сомонаи Оила изҳор дошт, ки ин ҳодисаро бояд мақомот ҷиддӣ назорат баранд, то қассобон гӯшти он гӯсфандони ҳарромшударо ба савдо ва ё ба калбаса насупоранд.
Қайд карданд ба маврид аст, ки дар вазъи кунунӣ (хурӯҷи бемории COVID-19) аз хурдани гӯшт мо инсонҳо бояд каме худдорӣ намоем!