goodwell
Фоҷеа
17.10.2026
Oila.tj
115

Ман ба хонадоне келин шудам. Хонаамон дар канори роҳи калон ҷойгир буд. Аз ҳамин сабаб, хешу таборони маҳаллаҳои дарунтар, вақте мехостанд барои коре ба шаҳр раванд, велосипедҳояшонро дар назди хонаи мо гузошта мерафтанд.

Акаи шавҳарам соли гузашта мошини нав хариданду дар самти шаҳр ба таксиронӣ оғоз карданд. Мошинашон дар хонаи мо меистод, чунки кӯчаи хонаи худашон танг буд ва мошин даромада наметавонист.

Он кас аз шаҳр барои мо ҳар гуна шириниҳо меоварданд. Хушдоманам хеле хурсанд буданд, ки лоақал писарашон бо ҳамин роҳ оилаашро таъмин мекунад...

Мо бо шавҳарам, баъди 8 сол соҳиби фарзанд шудем. Бо шавҳарам ҷое намонд, ки нарафта бошем, духтуре намонд, ки муроҷиат накарда бошем. Аз сабаби муҳаббати сахте, ки ба якдигар доштем, ҳатто хаёли ҷудошавиро ба сар намеовардем. Дар намозҳоямон пайваста илтиҷову зора мекардем.

Худоро шукр, баъди ҳашт сол писардор шудем. Кӯдакро бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё овардам. Баъд аз он духтурон гуфтанд, ки ман дигар ҳеҷ гоҳ соҳиби фарзанд шуда наметавонам.

Дар канори дарвоза хонаи дуҳуҷрагии хушдоманам буд. Писарчаамро дар он ҷо ба гаҳвора бастаму худам барои кор ба саҳро рафтам. Хушдоманам соати 6-и бегоҳ писарамро аз гаҳвора кушода гирифтаанд. Кӯдакам ним соат бозӣ кардаасту баъд боз дар оғӯши хушдоманам хоб рафтааст.

Баъди се соати кори саҳро ба хона омадам, ки доду фарёд асту ҳамсояҳо ҷамъ шудаанд. Ҳайрон шуда аз авсунам пурсидам:

- Янга, чӣ шуд? Тинҷӣ аст?

Янгаам гирякунон гуфт:

- Хоҳарҷон, ҷон хоҳар, акаатро бубахш! Қасдан накардаанд-ку! Охир, ин як фалокат буд...

- Эҳ, янга, чӣ шуд? Чаро ин тавр мегӯед? Канӣ акаам?... Тинҷӣ аст?...

- Акаат, бибиат ва ҳама писаратро бардошта ба беморхона рафтанд.

Ба ман занг заданд.

- Чӣ шуд, бибиам бемор шуданд?

- Не... писарат бозикунон зери мошин даромада будааст, акаат пай набурда мошинро ба ҳаракат овардааст...

- Вай, чӣ... Вай, чаро... Вой, дод!...

Вой дод... вой бачам... Вой, бачаҷонамммм...

Дар ҳамин асно аз беморхона кӯдакамро ба матои сафед печонда бардошта оварданд.

- Вой дод, вой бачаҷонамммм,

Ба ҳазор азоб ёфтагиям, нури дидаву тоҷи сараммм, вой дод, Бачаҷонам...

Солҳои дароз интизоршудаагиям...

Кош ба ҷои ту ман мемурдам...

Бибиҷон, чӣ кор кардед, ман акнун бе кӯдакам чӣ кор мекунам... Ба шумо бовар карда гузошта рафта будаму, чаро аз гаҳвора... кушодед. Вой дод... Бачаҷонам!

Баргардонед бачаамро...

Акаҷон, маро зинда ба гӯр кардед-ку... чаро пай набурдед... Чаро... Вой, бачаҷонам...

Ҷон бачаам...  

Мӯйҳоямро канда, худамро ба замин мезадаму фарёд мекашидам, ки аз ҳуш рафтам. Ҳатто кӯдакамро ба ман нишон надода, бурда гӯрониданд. Аз акаам, ки ин қадар узр мепурсид, ҳеҷ гап шунидан нахостам ва ӯро набахшидам. Ман аз онҳо, ман аз ҳама нафрат дорам! Хостам ба ҷони худ қасд кунам. Ман бахшида наметавонам, аз фарзанде, ки бо ҳазор орзу баъди 8 сол ёфта будам, дар як сония маҳрум шудам. Шавҳарам ба корманди милитсия ариза навишта дод, ки нисбати акааш ҳеҷ даъвое надорад.

Акаам мошинашро фурӯхта рафт.

Дигар ба хонаи мо наомад. Хушдоманам худро айбдор ҳис карда, фишорашон баланд шуду ба бистари беморӣ афтиданд. Маро бошад, дар беморхонаи руҳӣ табобат карданд.

Дигар барои ман мақсади зиндагӣ намонда буд. Вақте фарзанд набошад, муҳаббати байни зану шавҳар ҳам намешудааст. Аз шавҳарам ҷудо шудам. Шавҳарам оиладор шуд. Соле нагузашта соҳиби фарзанд шуданд. Аз шунидани ин хабар дар дилам дарди сахти сузандае пайдо шуд. Нафасам дар гулӯям печид. Пеши чашмонам сиёҳ шуданд...

Имрӯз дар хоб писарчаамро дидам. Дастчаҳои ширинашро дароз карда "Очаҷон" мегӯяд. Боз ман гаҳвора ҷунбонда, алла мегуфтам:

Алла гӯям, ҷони бачаам, аллаё алла,

Хоб рафта ором гир, бачаам-о, аллаё алла.

Алла - роҳати ҷон аст-о, алла,

Хоб - қуввати чашмон аст-о, алла.

Бе ту ҷаҳон бароям танг аст-о, алла,

Биё ба оғӯшам гирам-о, алла.

Як пораи дили манӣ-о, алла,

Бароят аллаҳо гӯям-о, алла,

Туро тезтар калон кунам-о, аллааа...

P.S. Ин навиштаро як ҷавонзанде дар интернет гузошта буд. Рӯзи дигар тамоми маҳалла ба ҷанозаи ин ҷавонзан ҷамъ омаданд. Илоҳо, ҳеҷ касро ба доғи фарзанд гирифтор накунад.

Хонандаи азиз, зиндагӣ пур аз озмоишҳо ва фалокатҳои ногаҳонист, ки баъзан тоқати инсонро мебаранд ва дилро ба алангаи нафрат ва доғ мепечонанд. Аммо, нафрат ва қасди ҷони худ кардан ҳеҷ гоҳ аламро кам намекунад ва рафтаро барнамегардонад, балки танҳо азоби рӯҳро афзун месозад. Сабр танҳо хомӯш истодан нест, балки нигоҳ доштани дил аз коҳиш ва умед ба раҳмати Илоҳӣ дар авҷи дард аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД