Фирӯза Ҳафизова, сарояндаи тоҷик барои беэҳтиромӣ нисбати пули миллӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, ҳангоми ҳунарнамоии Фирӯза Ҳафизова дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт шаҳрвандон ба сараш пул мепартоянд. Дида мешавад, ки сароянда пулҳоро зери по мондаву суруд хонда, мерақсад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ин ҳодиса рӯзи 20-уми декабри соли равон дар тарабхонаи «Милениум»-и пойтахт рух додааст. Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса на танҳо сароянда, балки чанд шаҳрванди дигар низ барои партофтан ва часпонидани пул боздошт шудаанд.