Маро волидонам бо марди зандида оиладор карданд. Баъди чанд моҳи зиндагӣ ману аҳли оилаамон фаҳмидем, ки шавҳарам пеш аз ман 4 маротиба издивоҷ карда будаасту ман зани панҷумаш будаам.
Ман шавҳарамро дӯст медораму ҳомиладор ҳастам, вале аҳли хонаводаамон маро маҷбур доранд, ки аз шавҳарам ҷудо шавам. Наздиконам мегӯянд, ки ту моро дар деҳа шарманда кардӣ, ҳол он ки бо розигии пайвандон оиладор шуда будам.
Шавҳарам се апа дорад, якеаш дар хориҷа асту дуюмаш аз пайи зиндагии худ, вале апаи сеюми шавҳарам дар давоми 5 моҳи оиладории мо қариб, ки як моҳ пас дар хонаи волидонаш аст. Ин қайсингилам маро дар назди шавҳар ва хусурам ганда карда, айбҷӯӣ мекануда ҷангу ҷанҷол карда, оромии хонаамонро халалдор месозад.
Чанд маротиба шабона қайсингилам бо баҳонаи он ки худаш танҳо метарсад, додарашро аз бистари хобамон гирифта бурд. Шабҳои дигар бошад, бе ягон сабаб ба хонаи хоби мо зада медарояд. Аз чунин зиндагӣ дилмонда шудаам, хушдоман ҳам надорам, ки фарзандонашро назорат намояд.
Ҳар боре қайсингилам ба меҳмонӣ ояд, муносибати хусурам бо ман дигар мешавад, чойи дамкардаи маро наменӯшаду худаш рафта, аз нав чой дам мекунад. Ҳатто ҳангоми ҳавлирӯбӣ ҷорӯбро аз дастам гирифта, худаш мерӯбад.
Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам. Ҳеҷ гуноҳамро дар назди пайвандони шавҳарам фаҳмида наметавонам, охир худашон гунаҳкоранду боз нисбати ман чунин рафтор мекунанд. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Шарифамо, ноҳияи Кушониён