Ё чӣ тавр Маҳина аз дин баргашту ба бало печид?
Қадри озодӣ
Маҳина аз даромадгоҳи маҳбас баромаду оҳи сабуке кашид аз дили садпорааш. Ба сӯйи осмони соф нигарист. Хаёлаш, ки аз осмон модари раҳматиаш ба сӯяш даст фишонда истодааст.
-Оҳ, озодӣ, ту ин қадар ширинӣ, гувороӣ, оҳ Худоҷон раҳмат.
Ӯ баъди нӯҳ соли маҳбас бори аввал озодона нафас мекашиду дар кӯча қадам мезад. Ҳар як сонияи озодӣ барояш азиз буд. Ба пасаш дам ба дам бо тарс менигарист. Гумон дошт, ки ана ҳозир ягон корманди полис меояду аз дасташ қапида мегӯяд, ки «туро саҳван озод кардаем, гашта ба маҳбас меравӣ».
Аз гуруснагӣ шикамаш танбӯр менавохт. Дар дасташ ҳамагӣ ду ҳазор рубли русӣ дошту халос. Агар ҳозир ягон чӣ харида хӯрад, он гаҳ ин пули охирин ҳам аз дасташ меравад. Барои ҳамин нафсашро дошту роҳашро идома дод. Ба куҷо равад, аз кӣ мадад пурсад, намедонист. Ҳамаи шиносҳои деринааш ӯро баъди ҳабс шуданаш суроғ намекарданд. Назди калисо расиду якбора ба танаш ларза дамид. Лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти гузаштааш пеши назараш омаданд...
Нобасомониҳои рӯзгор
Он вақтҳо Маҳина дар Ватан буду ба соҳибкорӣ машғул шуда, зиндагии тинҷу осудае дошт. Ногаҳон муомилоти пул дигаргун шуду тиҷорати ӯ ҳам касод гардид. Маҳина аз шиносе бо фоиз қарз гирифту ба шаҳри Дубай рафт. Аммо тиҷораташ барор нагирифт, борҳояш ба фурӯш нарафтанд. Пули қарз ба гарданаш хонаашро фурӯхта, қарзҳояшро баргардонид. Аммо худаш бе пулу бе манзил бо як фарзанд дар кӯча монд. Хонаеро кироя карду ба ҷустуҷӯйи кор баромад. Аммо бо маълумоти нопурааш кор ёфтан ғайриимкон буд. Духтарчаи 15 солааш аз кадом марде ҳомиладор шуда, дар хона чизе нагуфта гурехта рафт...
Рӯ ба дини дигар
Маҳина, ки доимо намозҳояшро мехонду дар ҳама ҷиҳат парҳезкорӣ мекард, якбора намозхониро бас карда, рӯ ба калисои масеҳиён овард. Акнун ҳар рӯз бо ҳамроҳии як гуруҳ занҳои мисли худаш гумроҳ дар кучаҳо гашта, одамонро дошта насиҳат мекард, ки «дини масеҳӣ ягона дин аст». Китобҳои дини бегонаро мутолиа карда, тамоман “фанатик” гашта буд. Боре дар сари дастархони тӯёнаи ҳамсоя бо занони ба тӯй омада баҳсу мунозира карда, дод зада гуфт:
-Канӣ ҳамон Худо, ки маро аз камбағалӣ раҳо созад. Дини масеҳӣ ягона аст. Биҳишт наздик аст.
Занони ба тӯй омада “астағфуррилоҳ” гӯён, аз назди ӯ дур шуданд. Зани ҳамсоя ҳам ӯро аз тӯйхона пеш кард. Аммо Маҳина боз ҳам бештар доду вой карда «шумо ҳама таги хок мешавед, ман ба биҳишт меравам» гӯён, аз дар баромад. Рӯзҳои иди “пасха” рафта, то бегоҳӣ талбандагӣ мекарду тухмҳои рангоранги бисёрро ҷамъ карда, ба хона меовард. Аз он Маҳинаи зебову озодаи хушлибос нишонае намонда буд.
Дар доми героинфурӯш
Рӯзе як шиноси деринааш ба хона омада, аҳволашро диду гуфт:
-Маҳина, биё ман туро бо худам ба Русия барам, кор ҳаст он ҷо.
-Майлаш, аммо ман пули чипта надорам.
-Ман ба ту қарз медиҳам. Баъд кор карда, медиҳӣ-да.
Шиносаш дар Русия тиҷорати дигар дошт. Ӯ ба шаҳрҳои Русия маводи мухаддир интиқол медод. Маҳина барои ӯ сайди мувофиқ буд. Шабе пеш аз парвоз кардан ба шаҳри Маскав Назар ба Маҳина гуфт, ки ин 13 лундачаро як бало карда, ба даҳонат андозу фурӯ бар.
-Ин чӣ аст?
-Ин пули калон.
-Магар ин героин нест? Росташро бигӯ.
-Бале, дуруст фаҳмидӣ, аммо ту ҳама чиро дар зиндагиат аз даст додаӣ, барои ҳамин фикр кун.
-Майлаш, аммо инро он ҷо чӣ тавр аз меъдаам мебарорем?
-Инаш осон аст. Ғам нахӯр. Он ҷо баъди равғани махсусро хӯрдан худаш баромада меравад. Аммо ба ивазаш пули калон медиҳанд...
Давом дорад