Formula novemver 2024
ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ОЛИМИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОД!
2598


Шаҳринисо Раҳимова, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ имрӯз аз бемории саратон даргузашт.

Дар ин бора Саҳди Маҳдӣ, декани факултаи рӯзноманигории ДМТ хабар дода, даргузашти ӯро талафоти бузург дар филологияи тоҷик унвон кардааст. Ӯ бо таасуф ёдовар шуда менависад: “Филологияи тоҷик боз як олими худро аз даст дод”. Раҳимова Шаҳриниссо хело донишманд буд. Дар баҳсҳо мавқеи шахсии худро дошт. Фарзандонро чун мард калон кард, хононд, зиндагиро барқарор намуд. Чизе надошт, вале ҳеҷ гоҳ шикоят намекард! Пастиву баландиҳои зиндагиро худ ба танҳоӣ паймуд. Зане буд чун Гурдофарид, Мард буд!

Ҷаноза имрӯз пешин, маҳаллаи 102 (тарабхонаи Шаҳриёр)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД