goodwell
Филми аниматсионии «Пайғом» рӯйи кор омад
28.04.2026
Oila.tj
47

Дар «Тоҷикфилм» филми аниматсионии «Пайғом» рӯйи кор омад. Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, ин филм дар коргоҳи аниматсионии муассиса омода шуда, мазмуни он бар пояи шеъри машҳури шоири маъруф Эраҷ Мирзо офарида шудааст.

Муаллифи лоиҳа Толиб Ғайбуллозода буда, роҳбарии гурӯҳи эҷодиро Фирдавс Насруллозода бар уҳда доштааст. Коргардонии филмро Таҳмина Муминова анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки филми «Пайғом» ба васфи муҳаббати беканори модар, бузургии қалби ӯ ва мақоми волои модар дар зиндагии инсон бахшида шуда, муҳтавои он бо забони таъсирбахши тасвирӣ ва рӯҳи пурэҳсос бинандаро ба қадршиносии меҳру муҳаббати модар раҳнамун месозад.

Дар филм ҳунармандони касбӣ ба қаҳрамонҳо овоз додаанд, ки ин ба ҳусн ва таъсиргузории асар зебоии бештар зам намудааст.

«Пайғом» намунаи дигари талошҳои эҷодии коргоҳи аниматсионии «Тоҷикфилм» дар роҳи офариниши асарҳои пурмазмун ва тарбиявӣ барои ҷомеа, махсусан насли наврас гуфта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД