Шояд таҳиягарони ин филм чунин ният надоштанд, вале намоиши он дар шабакаи телевизионии CBS (ИМА) 20 июни соли 1952 оғоз ёфта, ниҳоят, 18 сентябри соли 2009 ба охир расид.
Аз ин рӯ, «Рӯшноии раҳнамо» («Guiding Light») дар таърих ҳамчун тӯлонитарин силсилафилми телевизионӣ шинохта шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид мешавад. Филми мазкур аз 18 262 қисмат иборат буда, ҳар яки он аз 30 (солҳои 1968 – 1977) то 60 дақиқа (солҳои 1978 – 2009) идома меёбад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, тӯли 57 соли намоиш силсилафилми телевизионии «Рӯшноии раҳнамо» 375 бор ба ҷоизаҳои гуногун пешниҳод шуда, сазовори 98 мукофот мегардад.