Филми «Тимсоҳ Данди», ки нақшҳои асосиро дар он ҳунармандон Пол Ҳоган ва Линда Козловски бозидаанд, яке аз беҳтарин филмҳои мазҳакавӣ-моҷароҷӯёнаи тамоми давру замонҳо шинохта мешавад. Боиси тазаккур аст, ки филм метавонист рӯи оламро набинад, зеро таҳиягарони он ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аммо, пас аз саъю кӯшишҳои зиёд, барои ба навор гирифтани филми мазкур 1500 нафар пули худро «қурбон» намуд. Аз ҷумла, Пол Ҳоган 600 ҳазор доллар пардохт. Ин иқдом самараи нек ба бор овард. Тамошобинону мунаққидон «Тимсоҳ Данди»-ро бо хушнудӣ пазируфтанду он дар намоишҳои ҷаҳонӣ 328 миллиону 203 ҳазору 506 доллари ИМА ҷамъ овард.