Фатҳиддин, блогер ва сарояндаи ҷавон, роҳбари ютуб-канали “HAMATARAFA LIVE” ин ҳафта клипи ҷадиди худро таҳти унвони “Мадинаҷон” нашр кард.
Ин клипро дар ду рӯз 230 ҳазор бор тамошо кардаанд, ки нисбат ба баъзе клипҳои ситораҳои рақами 1-и Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст. Ба таври мисол клипи машҳури Шабнами Сурайё “Дар кунҷи дилам”-ро дар як сол ҳамагӣ 79 ҳазор маротиба тамош кардаанд, аммо клипи Фатҳиддинро дар бадали 48 соат 230 ҳазор маротиба тамошо карданд. Ёдовар мешавем, ки лақаби “Федяи гитарист”-ро ба Фатҳиддин ҳанӯз замоне дода буданд, ки дар кӯчаҳо ва боғҳои шаҳрҳои Русия бо гитара барои сокинон бо овози зинда суруд мехонд.
Пас аз оне, ки бо “Чатрулетка” наворҳои гуногунро сабт карда дар шабакаи ютуб пахш намуд, Фатҳиддин шӯҳратёр гашт.