formula
ФАЙЗОБОД: ПАДАР НАМЕХОСТ, КИ ДУХТАРЧААШРО ЗЕР КУНАД, ВАЛЕ....
5129

Баъзан беэҳтиётии падару модар боиси фалокатҳои гуногун дар оила мегарданд. Ҳеҷ як падару модар албатта, намехоҳад, ки ба пойи фарзандаш хоре халад, вале ноомади корро бинед, ки дар Файзобод як падар ҳангоми саросемавор рондани мошинаш қотили духтарчаи бегуноҳаш гардидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи беэҳтиётӣ як сокини ноҳияи Файзобод фарзанди худро пахш кардааст

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 14-уми октябр, тахминан соати 17:00  сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Мирзошарифов Илҳомиддин Бовабеговичи 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат кардан аз майдончаи бозори “Хайри” ба самти маркази ноҳияи Файзобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда дар майдончаи бозори мазкур духтари хурдсолаш, Бовабекзода Назираи Илҳом, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, хурдсол дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД