Соатҳои тақрибан 23:30 дақиқаи, шаби 28-уми май дар деҳаи Навбунёди ҷамоати “20-солагии Истиқлол”-и н. Вахш, Холбобо сокини 58 солаи ҳамин деҳа аз ҷониби писари 35 солааш Холалӣ бо чанд зарба бо зарфи обгираки оҳанин (қарабои) дар сару рӯяш ва бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Як манбаъи огаҳ ба сомонаи “Оила”хабар дод, ки сабаби куштори падар аз ҷониби писар ин ҷанги хусур бо келинаш мебошад, ки ин ғазаби писари мардро овардааст. Шоҳидон мегуянд сабаби ҳодисаи кушторро дар он мебинанд, ки келини ҳамин хонавода бо бадгӯӣ эшонро бо ҳам ҷанг мондааст. Холалӣ як сол пеш оила барпо карда буд ва соҳиби як фарзанд аст.
Дар аввали ҷанг падари писар хиштро гирифта, ҷониби писараш ҳаво медиҳад, ки ба пояш мехӯрад ва пас аз чанд соати оромии ҷанг писар аз қаҳру ғазаби сахт зарфи обгираки оҳанин (қарабои) гирифта, ба ҳуҷраи хоби падараш ворид шуда, ба сару рӯяш чанд зарба мезанад, ки дар натиҷа марҳум дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо нашри як иттилоия кӯтоҳ дар сомонааш аз ин ҳодиса хабар дода, гуфтааст нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Бар асоси ин модда ба гумонбаршаванда то 10-14 соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад.