Вазорати корҳои дохилии кишвар дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки Даминов Суҳроб, сокини шаҳри Бохтар, шаби 30 майи соли ҷорӣ ба хонаи Зарқаев Муҳиддин, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш ба меҳмонӣ рафта, ӯро ғорат кардааст.
Ба гуфти мақомот ин ҷавони 25 – сола аз дохили ҷевони ҳуҷраи ӯ 80.000-сомониро рабудааст. Соҳиби хона аз кирдори номардонаи меҳмонаш хиҷолатзада шуда, зарари калонӣ молӣ дид.
Айни замон, нисбати гумонбар аз рӯйи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.