Рӯзи 31 май дар сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон байни сокинони деҳаи тоҷикнишини Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон муноқиша рух дод.
Ба гуфти расонаҳо сабаби муноқиша тақсими оби чашмае шудааст, ки аз он сокинони ҳарду тарафи сарҳад истифода мебурданд. Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки дар майдони ҳодиса мардуми зиёд ҷамъ шуда, якдигарро сангборон карданд. Ҳатто садои тир ҳам шунавида мешавад.
Хабарнигори тоҷики муқими Ӯзбекистон Мирасрор Фарғонӣ дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки ҳокими Фарғона Шуҳрат Ғаниев ба макони муноқиша рафт. Аммо аз матни суханрониаш чизе маълум нест.
Ҳамчунин, хабарнигор иттилоъ додааст, ки дар беморхонаи ноҳияи Сӯх 146 захмиро аз ҷойи муноқиша бистарӣ кардаанд. Ба гуфти ӯ 5-6 нафар аз тири силоҳҳои оташфишон – камони шикорӣ ва автомат ҷароҳат бардошта, боқимондаҳоро бо захмҳои аз санг бардоштаашон хобондаанд.
Сокинони Чечме, инчунин, ду хонаи сокинони Чашмаро оташ задаанд. Аз ҷониби мардуми Сӯх бошад, хонаи як сокини Чечме оташ зада шудааст.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди дар дохили кишвари Ӯзбекистон будани ин ноҳия аксарияти аҳолии он тоҷиканд. Сӯх ҳам мисли ҷамоати Ворухи Исфара дар дохили марз бо Қирғизистон ҷойгир аст.