Formula novemver 2024
ФАВРӢ: ДАР БОЗОРИ ДАНҒАРА СӮХТОР САР ЗАД
1586

 

Иброҳим Назруллозода, роҳбари ютюбканали “Дунёро бубин!” чанд соат пеш навоерро нашр кард, ки аз сӯхтани бозори марказии ноҳияи Данғара иттилоъ медод.

Ба гуфти ӯ сӯхтор соати 12 – и шаби 30 июн рух додааст. Тавре аз навор дида мешавад, дар ҷойи ҳодиса шумораи зиёди кормандони оташнишонӣ ва мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ фаъолият дошта, барои хомӯш кардани мавҷи оташ мубориза мебаранд.

Дар навор дида мешавад, ки онҳо дар аввал хеле кӯшиш мекунанд, то дарвозаро шикаста, ба дарун дароянд. Дертар ин барояшон мяссар мешавад ба дарун даромада, алангаи оташро хомӯш мекунанд. Ҳаҷми зарар ва масоҳати сӯхтаи бозор то ҳол муайян нашудааст. Мақомот ҳам ҳанӯз дар ин бора ҳарфе нагуфтаанд. Сабабҳои сӯхтор низ номаълуманд.

Сӯхтани бозорҳо дар кишвари мо маротибаи аввал нест. Моҳе қабл бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз ҳам оташ гирифта буд, ки баъдан сабабашро расиши кӯтоҳи ноқили барқ донистанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД