Фатҳулло Абдуллоев аз чеҳраҳои маъруфи санъати тоҷик буда, бо ҳунари нотакрор ва маҳорати баланди актёрӣ дар саҳнаи театр ва синамои миллӣ ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Ӯ бо иҷрои нақшҳои ҷолиб ва сабки хоси эҷодӣ тавонист муҳаббати ҳазорҳо дӯстдорони театру синаморо ба даст оварад. Ин навбат мо бо ин ҳунарманди нотакрору ҳирфаӣ суҳбате оростем, то аз рӯзгору фаъолияти эҷодӣ, андешаҳои ҳунарӣ ва нигоҳи ӯ ба санъати муосири тоҷик бештар огоҳ шавем.
- Чӣ чиз шуморо ба олами санъату ҳунар ҷалб кард ва кай фаҳмидед, ки маҳз ин роҳ тақдири шумост?
- Ростӣ, муҳаббат ба олами ҳунар аз давраи кӯдакӣ дар дилам реша давонидааст. Овони мактабхонӣ дар маҳфили "Ҳаваскорони санъат"-и муассиса иштирок мекардам. Мо пайваста дар чорабиниҳои мактабиву шаҳрӣ саҳначаҳои ҳаҷвӣ мегузоштем. Ҳар бор, ки ба саҳна мебаромадам, орзу мекардам, ки дар саҳнаҳои бузурги театр нақш офарам. Дар баробари шавқу завқи кӯдакӣ, муҳаббати самимии мардум ба амакам - Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев дар ҳунарманд шуданам нақши муҳим бозид. Ман медидам, ки мардум ӯро бо чӣ самимият дӯст медоранд, ва ҳамин эҳтирому муҳаббати мардум маро низ ба дунёи санъат раҳнамун сохт.
- Аввалин нақши офаридаатон дар театр кадом намоишнома буд ва шумо кадом образро офаридед?
- Албатта, нақш офаридан дар саҳнаи театр масъулияти бузург мехоҳад. Аввалин нақшофарӣ дар театр эҳсосоту аяҷони ба худ хос дошт. Ман бори аввал дар намоишномаи "Шаби гирифтани моҳ", ки барои ҳимояи кори дипломӣ омода карда будем нақш офаридам. Дар намоишномаи мазкур яке аз нақшҳои асосиро мебозидам. Дар ин намоишнома, ки пештар дар Театри Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе гузошта шуда буд, ҳамин нақшро устодони бузурги санъати тоҷик Ҳошим Гадо ва равоншод Убайдулло Раҷаб бозидаанд. Ман ҳам бо роҳнамоиву кӯмаки устодони саҳна ҳамин образро офаридам.
- Дар кадом театру театр-студияҳои кишвар фаъолият кардаед ва аз ҳама бештар барои ҳамчун ҳунарманд ба камол расидани Шумо нақши кадом театр бештар аст?
- Ман аз соли 1980 то соли 1994 дар театри овозадори ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе фаъолият кардаам. Баъдан ба вилояти Суғд омадам ва солҳо дар Театри давлатии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ кор кардам. Сипас, бо ҳамроҳии дӯсти азизам Каримҷон Ғафуров театрстудияи "Коно ва Доно"-ро дар вилоят таъсис додем. Вақте театр-студияи "Хандинкамон" таъсис ёфт мо ба ин театри ҳаҷвӣ пайвастем. Бо гузашти вақт ман ҳамчун мудири Бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таъин шудам ва солҳо дар ин вазифа кор кардам. Дар мавриди театр-студияи "Коно ва Доно" гуфтаниам, ки он замоне намоиши телевизионӣ буд. Чун миёни мардум маҳбубияти зиёд пайдо кард, тасмим гирифтем ба театр-студияи ҳаҷвӣ табдил диҳем. Ростӣ имрӯзҳо маро мардум ҳамчун Коно мешиносанд. Якчанд маротиба ҳатто шодравон падарам ҳам маро Коно гуфта фарёд карда буданд ва бо завқ механдиданд. Агар дар мавриди таъсири театр дар рушди касбиям ҳарф занем, ҳар театр дорои мактаби хоси худ аст ва ин мактаб ба рушди ҳунарманд нақши муассир дорад.
- Нақшофарӣ ҳам дар театр, ҳам дар филм ва ҳам лоиҳаҳои телевизионӣ ба шумо душвор набуд ва барои ҳамаи ин чӣ гуна вақт меёфтед?
- Вақте ки инсон касбашро дӯст медорад, дар ҳар мушкилӣ осонӣ мебинад. Зеро муҳаббат ба кор ба кас нерӯ мебахшад, илҳом медиҳад ва ҳеҷ мушкилие дар назарат наметобад. Аксари вақт рӯзона ба намоишҳои театрӣ омода шуда, намоишҳоро рӯйи саҳна мегузоштем. Барои сабти филм бошад бештар шабона мерафтем. Ҳатто то ду - сеи саҳар ба наворгирии филм овора мешудем. Ин ҳама баръакс ба мо нерӯ медод.
- Ба шумо нақшофарӣ дар театр душвор буд ё филм?
- Албатта, дар театр. Зеро саҳнаи зинда эҳсоси зинда мехоҳад. Дар он ҷо ҳар ҳаракат, ҳар сухан ва ҳатто нигоҳ бояд табиӣ ва боэътимод бошад. Дар театр имкони такрор нест, ҳар лаҳза яктост ва бояд бо тамоми вуҷуди худ нақш офарӣ. Барои ҳамин, нақшофарӣ дар театр ҳам масъулиятноктар аст ва ҳам заҳматталабтар. Дар филм имкони аз нав бозидани нақш ҳаст, вале дар театр ин чиз нест.
- Филми «Доғ» ҳар як бинандаро водор месозад, ки аз тинҷиву оромии имрӯз шукргузор бошад. Шумо дар ин филм нақши ниҳоят ҳассос образи як девонаро офаридаед. Барои шумо офаридани ин образ мушкил набуд?
- "Доғ" яке аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик маҳсуб меёбад. Ман дар он образи як девонаро офаридаам, ки бо ҳар сухани худ эҳсосоти қаҳрамонро ба тамошобин мерасонад. Офаридани нақш мушкил набуд аммо суханҳои пурэҳсос вуҷуди маро ба ларза меовард. Масалан дар он ҷо қаҳрамон мегӯяд: "Охир мо ҳам ҷангро дидем. Мо барои нангу номус, барои падару модар, бародару хоҳар, барои Ватани азиз, бар муқобили душман ҷангидем. Мо наҷангидем, душман ҳуҷум карду мо маҷбур яроқ ба даст гирифтем. Ман сари сина чандин медалу орден мегардонам. Ин нишонҳо, нишонаҳои ҷанг аст. Ман акнун ин нишонаҳоро то абад гӯр мекунам... Бигзор ба мисли ҳамин ҷавонмардони ҷавонмарг зери хок бошанд ва номи ҷангро ҳам зери хок мекунам." Ин суханҳои пуреҳсоси қаҳрамонам аст, ки ба чашми ҳар бинанда аз дидани ин лаҳза ашк ҳалқа мезанад. Чун бештар образҳои ҳаҷвӣ офаридаам ин образ ба ман хеле писанд аст.
- Барои ҳунарманд офаридани образи ҳаҷвӣ душвор аст ё фоҷиа?
- Ростӣ, ҳам образи ҳаҷвӣ ва ҳам фоҷиа масъулияти бузург мехоҳад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки хандондани мардум осон аст, вале дар асл эҷоди образи ҳаҷвӣ заҳмати зиёд мехоҳад. Барои он ки тамошобин ханда кунад, бояд аввал ту дарди ӯро дарк намоӣ. Ханда ҳам мисли ашк аз эҳсос меояд. Фоҷиа бошад, эҳсосоти ботинӣ ва ҳолати рӯҳиро бештар талаб мекунад. Барои ман, ҳар ду навъи нақш ҷолибанд, вале ҳаҷв душвортар аст, зеро бояд ҳам бихандонад ва ҳам биндешонад.
- Шумо муддате мудири Бахши фарҳанги шаҳри Гулистон будед. Оё дар дигар мансабҳои давлатӣ низ кор кардаед ва он таҷриба ба эҷодии шумо чӣ таъсир дошт?
- Он давра барои ман таҷрибаи хуб буд, зеро имкон дод, ки аз наздик масъалаҳои соҳаи фарҳангро дар сатҳи давлатӣ эҳсос кунам. Бо вуҷуди ин, ба андешаи ман, барои ҳунарманд мансаб муҳим нест. Ҳунармандро на курсӣ, балки эҷод зинда нигоҳ медорад. Вақте ба корҳои идорӣ машғул мешавӣ, хоҳунохоҳ аз саҳна ва корҳои эҷодӣ каме дур мешавӣ. Аз ин рӯ, мехостам ҳамеша бо мардум ва бо саҳна бошам.
- Аксари мухлисонатон мегӯянд, ки имрӯзҳо устод Фатҳулло Абдуллоев ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар синамо камнамо шудаанд. Дар ҳамин ҳол, театр-студияи «Коно ва Доно» низ намоишҳои худро камтар баргузор мекунад. Чӣ сабабҳо вуҷуд доранд?
- Ҳоло саломатиям чандон хуб нест. Лекин бо Каримҷон Ғафуров —Донои театрстудияи «Коно ва Доно» ба мувофиқа расидем, ки барномаи телевизионии театр-студияи «Коно ва Доно»-ро аз нав роҳандозӣ кунем. Фикр мекунам мардум ҳамеша ташнаи ҳаҷванд. Вақте аз кор хаста шуда меоянд, мехоҳанд каме истироҳат кунанд, ханданд, барномаҳои ҳаҷвиро тамошо кунанд. Аз ин рӯ, мо сабти намоишҳои телевизионии театрстудияи "Коно ва Доно" - ро роҳандозӣ кардем.
- Ба мухлисонатон чӣ паём доред?
- Ба кулли мухлисони азиз ва мардуми сарбаланди тоҷик, тани сиҳат, хонаи обод, дастурхони пурфайзу бобаракат, хушҳоливу хушбахтии ҳамешагӣ таманно дорам. Ҳар як нафасатон пур аз шодӣ ва оромӣ бошад.
- Ташаккури зиёд устоди азиз, барои чунин суҳбати самимӣ!
- Саломат бошед!
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ