Аксари ҷавонзанҳои имрӯз вақте кӯдаконашон ягон шӯхии ноҷо мекунанд, ба сари бача дод зада “падарлаънат” мегӯянд. Шунидам, ки аз назари дини мубини ислом бадтарин коре, ки зан мекунад, ба забон овардани ҳамин калимаи “Падарлаънат” будааст. Мехоҳам донам, ки дар асл зани мусалмон ба фарзандаш “бар падарат лаънат” гӯяд, гуноҳ мегирад ё не?
Абдулло, ш. Ҳисор
Посухи домулло Ҷамолидин Хомӯшӣ
Сабаби чунин алфозро ба забон овардани занони мо надонистани мақому ҷойгоҳи шавҳар аст. Зан ба сабаби лаънат гуфтан ба шавҳараш гунаҳгору осӣ мешавад. Мо борҳо дар бораи ҳуқуқи зану шавҳар дар саҳифаи “Оила ва Ислом” маълумот додаем. Барои ҳалли ин мушкил хуб мешуд, ки0 мардҳои мо китобҳои дар бораи масоили хонавода ба табъ расидаро дастрас намоянд. Умед аст, ки пас аз мутолиа занҳо ба хулосаи зарурӣ меоянд. Фақат аз роҳи насиҳат кор гиред, иншоаллоҳ ислоҳ мешавад. Ҳоло фақат ҳамин қадар мегӯем, ки “падарлаънат” гуфтани зан фарзандашро мукин нест.