Кампирак рӯйи хараки назди бинои истиқоматии боҳашаммат маҳзуну хастадил омадани духтару набераашро интизор аст.
Дар ин ҳавои гарм то бегоҳ дар берун нишастан барои ӯ, ки умраш ба домани ҳаштод дакка мехӯрад, ниҳоят душвор аст, вале афсӯс тақдирро тадбир нест.
Анор дар хонадоне ба дунё омада ба воя расидааст, ки ҳама бо меҳнати ҳалол нон мехӯрданд. Азбаски ӯ ва апааш духтарони сархаму меҳнатӣ буданд, баъди хатми мактаб зуд харидорон пайдо шуданду онҳоро ба шавҳар доданд. Шавҳари ӯ Барот дар Тоҷикистон кор мекарду арӯси нозанинашро аз Бухоро ба Душанбе овард. Он вақтҳо ҳар ду кишвар узви империяи абарқудрати шуравӣ буданду дар байн марзҳо вуҷуд надоштанд. Анор ҳунари зебои зардӯзӣ ва гулдӯзӣ дошту зуд дар яке аз фабрикаҳои бонуфузи пойтахт кор пайдо намуд, ҷуфти ҷавон дар муддати кӯтоҳ соҳиби хонаи замонавии дуҳуҷрадор гаштанд. Писарашон Диёр ва духтарашон Гулнор дар фазои хуршедии хонавода ба воя расида, аз чизе танқисӣ надоштанд, падару модар кӯшиш мекарданд то барои фарзандон тамоми шароитро фароҳам биёранд. Рӯзҳо мегузаштанду фарзандон қад кашида ба воя мерасиданд, Диёр ба Донишгоҳи политехникӣ ва Гулнор ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуданд. Чун Диёрро оиладор карданд, хонаи дуҳуҷрагияшонро ба панҷҳуҷрагӣ иваз намуда, ба ӯ бахшиданду худашон аз канори шаҳр ҳавличаи хурдакакеро харидорӣ намуда, ба он ҷо кӯчиданд. Гулнор низ ҷавонеро дӯст дошта, бо ризоияти волидайн тӯй карда, ба хонаи бахташ қадам ниҳод. Бо мурури замон Бароту Анор пир шуданду писару келинашонро ба ҳавлӣ даъват намуданд, писараш, ки дар як ташкилоти хориҷӣ кор мекард, таклиф намуд, ки ҳавличаи кӯҳнаро канда, ба ҷояш ҳавлии бошукӯҳ сохта, баъд ба он ҷо мекӯчанд. Пиру кампир розӣ шуданд, аммо ба писарашон маслиҳат доданд, ки дар гӯшаи дигари ҳавлӣ сохтмонро сар кунад, то сохта шудани хонаҳои нав онҳо дар ҳамин кӯҳнаҳо зиндагӣ намуда, обу хӯроки сохтмончиёнро дида меистанд. Мӯйсафеди Барот кам-кам бемор бошад ҳам, кампири Анор худро бардам эҳсос мекарду барои хонасозони писараш се маротиба хӯрок пӯхта медод ва баробари онҳо ҷунбуҷӯл мекард. Писараш ҳар моҳ як бор омада, маводҳои зарурии рӯзгоро оварда меододу мерафт. Келини таннозу набераҳояш бошанд, гоҳ-гоҳе омада, рӯйи ҳавлӣ ин сӯ он сӯ гашта, ба сохтмончиён фармон дода мерафтанд. Диёр ду писар дошт. Кампири Анор онҳоро насиҳат карда мегуфт, ки вақтҳои бекорӣ омада, ба бинокорон ёрӣ расонед, одамро меҳнат одам мекунад. Аммо Амиру Самир бо ханда мегуфтанд, ки онҳо ба хориҷа мераванду ин ҳавлӣ аслан ба онҳо лозим нест. Аз ин суханон дили пиразан хун мешуд, духтараш Гулнор бошад, ҳамеша модарро накӯҳиш мекард, ки ба шумо ҳамин қадар азоб чӣ лозим, беҳтараш аз писаратон хоҳиш кунед, бароятон як хонаи якҳуҷрагӣ хараду давр рона гардед. Пиразан дар ҷавоб бо хандаи талх мегуфт, ки одами дар ҳавлӣ зиндагӣ карда дар хонаҳои баландошёна мисли кабки дар қафас аст. Кампири Анор медонист, ки духтараш бо янгаву акааш он қадар муносибати хуб надорад, аз ин рӯ, модарашро аз роҳ мезанад. Оқибат хонаҳои бошукӯҳи писараш қомат афрохтанд, вале бурёкӯбон накарда, мӯйсафеди Барот оламро падруд гуфт. Маъракаҳои мотамии мӯсафедро дар ҳавличаи хоксоронаи худашон гузарониданд. Кампир дар ҳавлича танҳои танҳо монд, зеро келину набераҳо намехостанд ба ҳавлии нав кӯчида оянд. Танҳо писараш гоҳ-гоҳ ба хабаргирияш меомаду халос, шабҳо духтари як хеши дури шавҳараш, ки дар ҳамсоягияшон мезист, бо ӯ мехобид. Духтараш ҳар дафъаи ба хабаргирӣ омаданаш бо ӯ ҷангу ҷанҷол мебардошт, ки ту хонабони писари беномусат шудаӣ, бигузор хонаи панҷҳуҷрагияшонро ба ту дода, худашон ба ҳавлӣ кӯчанд, баъд ман барои ҳамешагӣ туро ҳамроҳам мегирам. Кампирак рӯзҳои дароз ашк мерехту шабҳои дароз фикр мекард, ки ояндаи ӯ чӣ гуна сурат мегирифта бошад? Наход дар дами пирӣ подоши меҳнатҳои зиёдаш чунин бошад?
Кампири Анор азм кард, ин дафъа назди Диёр масъаларо кундаланг мегузорад, бигузор ҳамроҳи зану фарзандонаш ба ҳавлӣ кӯчида, ӯро аз дарди танҳоӣ раҳоӣ бахшанд, аммо… Диёр баъди фаҳмидани арзи модар гуфт:
-Очаҷон, ману келинатон ба хулосае омадем, ки хонаро ба як ташкилоти хориҷӣ ҳамчун офис ба иҷора диҳем, онҳо пули хуб ваъда карданд, ана баъд Амирҷонро зан дода, арӯсашро Худо хоҳад ,ба ҳамин ҳавлӣ мефарорем.
Давом дорад