Sebiston new 2024 october
Фарзанди шуморо “прививка” карданд?
22.12.2023
Mahina
639


Чанд маслиҳати судманд ба модарон дар боби
нигоҳубини кӯдак баъди эмгузаронӣ
Бо мақсади пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ ҳамасола кӯдаконро эм мекунанд.

Эмгузаронӣ, ки дар байни мардум бештар бо истилоҳи русии “прививка” машҳур мебошад, амалиёти муҳим буда, ба хотири мустаҳкам намудани системаи муҳофизатии организми кӯдакон анҷом дода мешавад. Ваксинатсия усули самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ аст. Бо шарофати эмгузаронӣ ҷисми кӯдак ба бемориҳои сироятӣ иммунитет пайдо мекунад ва дар ҳолати ба ҷисмаш ворид гаштани барангезандагони касалӣ ба муқобили беморӣ мубориза бурда метавонад.

Эмгузаронӣ хатарнок аст?

Иддае аз модарон бар он ақидаанд, ки эмгузаронӣ бисёр хатарнок аст ва бо кӯдак ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода метавонад, вале дар асл ин тавр нест. Эмгузаронӣ як амалиёти оддӣ буда, аксари кӯдакон онро бе ягон ориза мегузаронанд, вале он ҳам ба мисли тамоми намудҳои дахолати тиббӣ баъзе хатарҳои худро дорад. Аз ҳамин хотир, волидон, махсусан модарон бояд ба тамоми тавсияҳои табибонро риоя намуда, пас аз эмгузаронӣ кӯдакро хуб нигоҳубин намоянд ва ҳолаташро зери назорат гирифта истанд.

Чаро кӯдаконро эм мекунанд?

Иммунитети инсон механизми мураккабе мебошад, ки вазифаи ҳомиро иҷро мекунад, яъне одамро аз таъсироти мухталифи потогенӣ ва бемориҳои гуногун муҳофизат менамоянд. Барои он ки иммунитет вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро карда тавонад, механизми ҷавоб додан ба бемориҳо дар вуҷуди шахс аз кӯдакӣ бояд пайваста рушд намояд. Яке аз механизмҳои асосии ҳимоявии организми инсон бо кӯмаки антителаҳо пахш намудани потогенҳое мебошад, ки бемориҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд. Вақте ки кӯдакро аз ин ё он беморӣ эм мекунанд, миқдори хеле ками барангезандаи ҳамон беморӣ ба ҷисми тифл ворид карда мешавад. Ин корро ба он хотир мекунанд, ки барои ҳосил шудани антителаҳо дар организм худи патоген лозим аст. Пас аз эмгузаронӣ иммунитет ба муқобили беморӣ антителаҳо ҳосил хоҳад кард. Ин амал ба хотири пешгирии касалиҳои сироятӣ анҷом дода мешавад ва минбаъд кӯдак ба беморӣ гирифтор шавад ҳам, нисбат ба тифлаконе, ки эм карда нашудаанд, онро нисбатан сабук мегузаронад, чунки дар ҷисмаш аллакай антителаҳо вуҷуд доранд.

Кӯдаконро кай эм мекунанд?

Ҳар як давлат тақвими эмгузаронии худро дорад ва ба кӯдакон дар давраҳои муайян намудҳои муайяни воксинаҳо гузаронида мешаванд. Бо иҷозати табибон кӯдакон тамоми ваксинаҳои пешбинишударо бояд сари вақт бигиранд, зеро дар ҳар як ваксинатсия тифлаконро ба муқобили як беморӣ эм мекунанд.

Омодагӣ ба эмгузаронӣ

Қабл аз эмгузаронӣ кӯдакро ҳатман ба духтури кӯдакона нишон додан лозим аст. Маъмулан табиб дар бораи вазъи умумии саломатии тифл ва бемориҳое, ки тӯли як соли охир аз сар гузаронидааст, пурсон мешавад. Пас аз ин кӯдакродар тарозуи махсус бар кашида, вазн ва қадашро муайян мекунад, таббашро санҷида, тамоми маълумотҳоро дар корти кӯдак қайд мекунад. Саломатии фарзанди шумо хуб бошад, пас аз муоина табиб барои эм кардани кӯдак иҷозат медиҳад, вале ягон мушкилӣ вуҷуд дошта бошад, ба назди мутахассисони дигар мефиристад.

Амалиёт бояд бехатар бошад

Модарон вақти ба эмгузаронӣ бурдани фарзандонашон бояд бисёр бодиққат бошанд ва назорат намоянд, ки кӯдак дар чӣ шароит эм карда мешавад. Мувофиқи қоида кӯдакон бояд дар утоқҳои тоза ва стерелизатсияшудаи тиббӣ эм карда шаванд. Тамоми асбобҳое, ки ҳангоми эмгузаронӣ истифода бурда мешаванд, бояд бехатар гардонида шуда бошанд.

Ҷараёни эмгузаронӣ

Ҳамшираи шафқат вазифадор аст, ки пеш аз эм кардани кӯдак доруи пешбинишударо аз яхдон гирифта, бори дигар ном ва мӯҳлаташро санҷида бинад ва ба мутобиқат доштанаш бо варақаи воксинатсия боварӣ ҳосил намояд. Пас аз ин воксинаро мувофиқи нишондоди тамғакоғази дору ба кӯдак мегузаронанд. Асосан воксинаро дар шакли сӯзандору ба мавзеи муайяни бадан мегузаронад, вале дар баробари ин, ваксинаҳое низ ҳастанд, ки онро ба даҳони кӯдак мечаконанд.

Пас аз эмкунӣ чи бояд кард?

Пас аз эмкунӣ волидон бояд ба саломатии фарзанди худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Каме варам кардан ва дард кардани чойи сӯзандору чандон хатарнок набуда, дар 3-4 рӯз худ аз худ мегузарад, вале кӯдак баъди эмгузаронӣ аз иштиҳо монда, беҳолу бемадор шавад, метавонед ба духтар занг зада, маслиҳат бипурсед. Мабодо табби кӯдак баъди эм кардан баланд шуда, то ба 39-40 дараҷа расад, якбора сахт варам кунад ва таппиши дилаш зиёд шуда, ё нафаскашиаш ба назаратон душвор намояд, фавран ба “Ёрии таъҷилӣ “ занг задан ё кӯдакро оҷилан ба беморхона бурдан лозим аст.
Корҳое, ки баъди эмгузаронӣ карданашон манъ аст
1. Дар ёд дошта бошед, ки дарҳол баъди эмгузаронӣ аз дармонгоҳ баромада рафтан мумкин нест. Шумо бояд ҳадди ақал ним соат сабр кунед, то ки реаксияи организми кӯдак ба доруи гузаронидашуда маълум шавад. Ин ба он хотир лозим аст, то мабодо дору аллергия диҳад ё мушкили дигар ба вуҷуд ояд, табибон дар канори кӯдак бошанд ва сари вақт ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд.
2. Бо мақсади пешгирӣ ба кӯдак баъди воксинатсия бо тавсияи духтури кӯдакона доруҳои пасткунандаи таб ва зидди аллергия додан лозим аст.
3. Рӯзҳои аввали баъди эмкунӣ кӯдак таб карда метавонад, бинобар ин, ҳарорати бадани ӯро тез-тез санҷидан лозим аст. Табби кӯдак аз 38 дараҷа боло шавад, ягон доруи пасткунандаи ҳарорат, масалан парасетамол диҳед ё шамъча (свеча) монед.
4. Фаромӯш накунед, баъди эмгузаронӣ барои паст кардани ҳарорати бадан ба тани кӯдак спирт ё уксус молидан мумкин нест, зеро боиси аллергия гашта метавонад.
5. Мабодо табби кӯдак бо дору ҳам паст нашавад ва ӯро табларза бигирад, фавран духтурро ҷеғ занед.
6. Вазъи умумии саломатии кӯдак хуб бошад, парҳез кардан ва риояи реҷаи бистарӣ шарт нест. Кӯдак метавонад ба шӯхию бозии худ идома дода, ҳаёти маъмулӣ ба сар барад, вале волидон, махсусан модар чанд рӯз ҳолати ӯро назорат карда истад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД