arzon replenishment
Фаромурз: Шодам, ки бо сари баланд ба сил ғолиб шудам
1125

“Бемор шудан душвор аст, вале ба сил гирифтор шудан дучанд душвортар”, - гуфт ҳамсуҳбатамон Фаромурз Сангов.

Қаҳрамони мо ҳанӯз замони мактабхонӣ гирифтори бемории сил шуд. Ӯ зимни суҳбат бо Oila.tj нақл кард, ки табобаташ чӣ гуна гузашт ва ин ташхиси душвор ба ӯ чиро омӯхт.

- Фаромурз (номи мустаор), салом. Вақте фаҳмидед, ки шумо ба бемории сил гирифтор шудаед, аввалин эҳсосатон чӣ гуна буд?

- Бародарони калони ман гирифтори ин беморӣ шудаву қаблан аз рӯи нишонаҳои он ташхис ва табобат шуда буданд. Эҳтимол буд, ки ман ҳам ба ин беморӣ гирифтор шавам ва то андозае омодагӣ доштам.

- Нишонаҳои аввалини бемории шумо чӣ гуна зоҳир шуд?

- Ин тақрибан пас аз 2-3 моҳи подабониҳои ман дар саҳро буд. Баъди аз нигоҳубини мавсимии молу говҳо баргаштанам тақрибан як моҳ сахт хунук мехӯрдаму сулфа доштам ва гоҳҳо оби даҳонам ранги сурх дошт, яъне, хун мебаромад. Ин вазъият бароям нофаҳмо буд. Сипас, модарам ба табобатам машғул шуд. Хушбахтона, сардӣ гузашт, аммо акнун роҳ рафтанам душвортар мешуд. Аз рӯи ташхисҳои бародаронам ба хӯрдани доруҳои онҳо шуруъ кардам, вале назди ягон табиб нарафтем. Аммо, вақте вазъиятам бад шудан гирифт, ба Беморхонаи зидди касалиҳои сили вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб рафтем. Он ҷо аз ташхис гузаштам ва маълум шуд, ки ман ҳам ҳамтақдири бародаронам будаам.

- Пас аз ташхис, шумо чанд муддатро ба табобат сарф кардед?

- Азбаски модарам таҷрибаи нигоҳубини беморони ин намудро дар хона доштанд, табиб иҷозат дод, ки ман дар шароити хона табобат гирам. Ба беморхона рафтанам шарт набуд. Аммо дар марҳилаи гирифтани доруҳо баъзан мушкилот ба миён меомад. Дар замони беморӣ ман дар ноҳияи Муъминобод сабти ном будам, аммо деҳаамон ба шаҳри Кӯлоб наздик буд. Аз ин рӯ, бояд дар ҷое, ки дар қайди истиқомати доимӣ будам, ҳадди аксар барои 10 рӯз ба ман дору медоданд. Табиист, ки ман наметавонистам дар ҳар 10 рӯз ба маркази ноҳияи Муъминобод рафта, доруи заруриамро гирам. Баъзан ҳам чун мерафтам дору набуд ва ин боиси сарсонӣ мешуд. Дар шаҳри Кӯлоб мегуфтанд, ки ба ноҳияи худамон муроҷиат кунем. Аз ин рӯ, гоҳҳо маҷбур мешудем, ки доруро худамон харем.

- Табобат чанд вақт давом кард?

- Тақрибан як сол.

- Дар ҳалли ҳамаи ин мушкилот кӣ ба шумо кӯмак кард?

- Маҳз бо шарофати дастгирии ҳамешагии модару хонаводаам ман тавонистам аз беҳтарин табибон машварат гирам ва маҳз онҳо барои ман реҷаи муолиҷаи мураккабро тартиб доданд. Дар акси ҳол, ман як бемори оддӣ будам, ки заррае хоҳиши мубориза бурдан бо ин бемориро надоштам, зеро ҳатто ҳаракат карда наметавонистам. Он вақт дар назди ман вазифаи дигар - сиҳат шудан, ба по хестан ва гирифтани доруҳои зарурӣ буд. Хушбахтона, ман ҳамаи ин корро анҷом додам ва ҳоло боқувватам.

- Оё дар вақти беморӣ таҳсилу кор ҳам мекардед?

- Як моҳ ба мактаб нарафта, дар хона табобат гирифтам. Баъди ин боз таҳсиламро идома додам, аммо дигар ба молбонӣ намерафтам.

- Омӯзгорон ё ҳамсинфон аз бемориатон бохабар буданд?

- Бале, давоми ба мактаб нарафтан онҳо чанд бор ба хабаргириам омада буданд. Аммо, дигар хонандагон ба ман камтар наздик мешуданд. Мешунидам ,ки маро бо даст ишора карда, миёни худ "ин туберкулёз ”аст" мегуфтанд.

- Пас аз шифо ёфтан кадом лаҳзаҳоеро аз ин беморӣ ба хотир меовардед?

- Хурсанд будам, ки акнун пойҳоям нағз кор мекунанду метавонам футбол бозӣ кунам, ё боз бемалол аз паси гову молҳо давида равам.

- Кадом лаҳзаҳо бештар бароятон мушкил буданд?

- Таъминоти доруҳое, ки барои беморони сил заруранд, бештар асабиам мекард, зеро азбаски ноҳияи мо дар шароити кӯҳистон асту аксари деҳаҳо дар масофаҳои хеле дур аз марказ ҷойгир шудаанд, табобат, махсусан, худи доруҳо барои ҳама дастрас нестанд ва на ҳамеша метавон сари вақт доруи лозимиро гирифт.

- Бемории сил ба шумо чиро омӯхт?

- Ман ёд гирифтам, ки ҳеҷ гоҳ дар назди ягон мушкилӣ таслим шавам.  Ба пеш рафтан лозим асту ба худ бовар кардан шарти асосӣ. Медонед, бемор шудан ҳамеша бад аст, аммо гирифтор шудан ба бемории сил дучанд бадтар, чунки мардум аз ту ҳарос мекунанду бо тарс барои салом кардан ба наздат меоянд, ё аз дари хона хеле кам ба дарун медароянд. Ин аламовар аст, ки бемор дар бештари маврид танҳоиро эҳос мекунад.

- Пас аз беморӣ ҳам шумо чандин озмоишҳоро гузашта, оиладор шудед ва ҳоло кӯдакро интизоред. Оё инро бар ивази тамоми пастиву баландиҳое, ки шумо аз сар гузаронидаед, тӯҳфа ҳисобидан мумкин аст?

- Медонед, ҳама чиз маъно ва ҳадафи худро дорад, аз ҷумла ҳамин зиндагӣ ҳам. Дар ҳоле, ки ман ҳангоми пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ дигар аз зинда монданам умед надоштаму мехостам ҳодисае рӯй диҳаду пойҳоям дигар дард накунанд ва ё муъҷизае шаваду ман ҳам тавонам бо ҳамсинфону ҷӯраҳоям футбол бозӣ кунам, ҳоло хушбахтам, ки соҳиби шоҳписар хоҳам шуд. Интизории кӯдак ба зиндагии мо мазмуни тоза бахшид. Ҳарчанд ҳоло ман дар муҳоҷиратаму барои ояндаи тифлам пасандоз ҷамъ оварданиам, аммо ҳар лаҳзаи наздик шудани ба дунё омаданаш, мушкили бемориамро кам мекунад.

- Пас, ба онҳое, ки нишонаҳои сил дар баданашон ошкор мешавад, чӣ гуфтаниед?

- Роҳи зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ҳамвор нест, балки он ҳамеша пастхамӣ дору баландӣ, ки барои расидан ба мақсадҳо ҳамаи онро бояд тай кард. Бояд донист, он чизе, ки мо дар ҳаёт дучор мешавем, ба мо вобаста нест, аммо мо ба он чӣ гуна муносибат мекунем ва чӣ гуна онро аз сар мегузаронем, комилан ба мо вобаста аст. Ва ман шодам, ки бо сари баланд ба ин беморӣ ғолиб шудам. Пас, ба дигарон ҳам тавсия медиҳам, ки сабр кунанду аз рӯи реҷаи табиб рӯз гузаронанд ва мисли ман сиҳат шуда, давида гарданд.

- Ташаккур барои суҳбат ва нақли саргузаштатон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД