Аз 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки беш аз як сол боз ҳамчун ташкилкунандагони асосии амали террористӣ дар “Крокус-Сити-Холл” дар ҳабси пешакӣ қарор доранд, танҳо як нафар - Фаридуни Шамсидин гуноҳашро ба гардан гирифта, изҳори пушаймонӣ намудааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба мақомоти Русия хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки Фаридуни 26-сола пурра гуноҳашро ба гардан гирифта, иқрор шудааст, ки қаблан на як бору ду бор ба ин толори консертӣ омада буд. Дар рӯзи сар задани фоҷиа ин ҷавон дар аксе афтидааст, ки дар паҳлуи афишаи «Пикник» гирифта шудааст.
Се гумонбари дигари ин амали террористӣ - Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоев ба гуноҳашон иқрор шуда бошанд ҳам, изҳори пушаймонӣ накардаанд.
Ёдрас мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 сар зада, бар асари ин ҳодисаи ваҳшатнок 149 кас ҷони худро аз даст доданд, 1 нафар беному нишон гум шуда, 609 тани дигар захмӣ шуданд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати гумонбарони ҳамла ба толори “Крокус” ба прокуратура ирсол гашта, баъдан барои баррасӣ ва содир намудани ҳукм ба суд фиристода мешавад.
Дар парванда номи 19 нафар ҳамчун айбдоршаванда дарҷ гардидааст, ки инҳо Фаридуни Шамсидин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода, Шахромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммадзоир Шарифзода, Ёқубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Алишер Қосимов, Умедҷон ва Мустақим Солиевҳо, Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо мебошанд.