arzon replenishment
Фарбеҳӣ ба кӯдак чӣ хатар дорад?
687


Салом! Ман Нилуфар, ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ва модари як фарзанд мебошам. Хушдоманам зани соҳибмаълумот аст ва ҳамеша таъкид мекунад, ки кору бори хонаро як сӯ монда аз паси нигоҳубини фарзандам шавам, чунки саломатии кӯдак аз ҳама чиз муҳимтар аст.

Ростӣ, аҳли оилаи шавҳарам барои писарчаам тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, чизеро аз Умарҷон дареғ намедоранд. Писарчаам нав шашмоҳа шуда бошад ҳам, ба ғайр аз шири сунъӣ боз ҳар рӯз банан, йогут ва дигар хӯрокҳои замонавиии кӯдаконаро мазза карда мехӯрад. Намедонам аз сабаби зиёд хӯрок хӯрдан бошад ё чизи дигар, ки вазнаш нисбат ба дигар кӯдакони шашмоҳа ду баробар зиёд шудааст. Росташро гӯям, вақте писарчамаро ба даст мегирам, худам ҳам ба зудӣ хаста мешавам. Умарҷони мо фарбеҳак бошад ҳам, то ҳол пойҳояшро ба замин намемонад. Дирӯз писарчаамро назди духтури кӯдакона бурда будам, баъди дар тарозу бар кашидани кӯдак табиб маро сарзаниш карда гуфт, ки ин бача худаш “черепное давление” дорад, шумо бошед, кӯдакро бисёр хӯронда аз ҳад фербеҳ кардаед.

Магар намедонед, ки ин ба саломатии тифл зарар дорад. Ҳар қадар фарбеҳ шавад, ҳамон андоза фишораш низ баланд шуда, чашмони кӯдак хира шуда метавонанд. Ростӣ, баъди шунидани ин гапҳо сахт ба ташвиш афтодам. Наход, ки фарбеҳӣ то ин андоза хатарнок бошад?
Нилуфар, ш. Душанбе

Посух

Хоҳари азиз Нилуфар! Дар ҳақиқат фарбеҳӣ ба одам зарар дорад ва махсусан барои кӯдакони навзод ва хурдсол хатарок аст. Кӯдак ҳар рӯз хӯроки бисёр хӯрда, аз ҳад фарбеҳ шавад, ин ба саломатиаш бе таъсир намонда, кори рӯдаву меъда ва узвҳои дохилиро душвор мегардонад. Маҳз бо сабаби фарбеҳии аз ҳад зиёд баъзе кӯдакон нисбат ба дигар ҳамсолонашон хеле дер роҳгардон мешаванд ва камҳаракат ҳастанд. Чанде пеш олимони аврупоӣ як тадқиқоти махсус гузаронида, муайян карданд, ки фарбеҳии аз ҳад зиёд боиси хира шудани чашми кӯдакону наврасон гашта метавонад. Гап дар сари он аст, ки бар асари фарбеҳӣ дар ҳақиқат фишори хун дар мавзеи майнаи сар баланд шуда, кӯдак тавре ки табиб ба шумо гуфтааст ба “внутричерепное давление” гирифтор мешавад. Ин навъи фишорбаландӣ дар кӯдакон, махсусан дар тифлакони то яксола боиси олусию каҷ шудани чашмон гашта, оҳиста-оҳиста биниши кӯдак суст ва чашмонаш хира шудан мегиранд. Дар ҳолатҳои якбора хеле баланд шудани фишори хун дар мавзеи майнаи сар ҳатто хатари кӯр шудани кӯдак ба миён омада метавонад. Фарбеҳӣ метавонад ҳамчунин боиси пайдо шудани ин навъи саратон бо номи “мозговой псевдоопухол” гардад. Ба ақидаи олимон хатари ба ин беморӣ гирифтор шудан дар кӯдакони фарбеҳ нисбат ба дигар ҳамсолонашн 16 маротиба зиёдтар аст.
Мо шуморо бо ин гуфтаҳо тарсонданӣ нестем, вале маслиҳат медиҳем, ки ба кӯдак аз ҳад зиёд хӯрок надода, кӯшиш кунед, ки бача кам-кам вале тез-тез ғизо хӯрад. Шарт нест, ки фарзанди шумо мисли хирсак фарбеҳ бошад, муҳимаш сиҳату саломат бошад ва бо хандаҳои бедардонаву бе ғаши худ шумо ва аҳли оилаатонро шод гардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД