Фараҳ Паҳлавӣ барои бисёриҳо рамзи Эрони дунявӣ, “Жеки Кеннедии шарқӣ” аст. Дигарон муътақид бар онанд, ки ӯ таҷассумгари симои фаҳшу бади даврону низоми шоҳӣ мебошад. Дар асл ин зани фавқулода кист, ки ҳам инқилоб, ҳам марги шавҳару фарзандонашро паси сар кард?
Дуртар аз Теҳрон замоне ҳайкали Фараҳ Паҳлавӣ, охирин шаҳбонуи Эрон қомат афрохта буд. “Он аз биринҷӣ буд, тақрибан се метр боло дошт” – ба хотир меорад ҳамсари маҳрум Шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, ки соли 1979 дар натиҷаи инқилоб аз сари салтанат сарнагун гашта буд. “Ҳангоме, ки мо аз ватанро тарк кардем, онҳо кӯшиш карданд онро пора-пора кунанд, аммо натавонистанд”, - бо табассум мегӯяд, ва илова мекунад, -“Ниҳоят, ноком шуда, ҳайкалро ба кӯл мепартоянд. Ба ҳар ҳол ба ман писанд аст фикр кунам, ки рӯзе ман рӯйи об мебароям...”.
Фараҳ Паҳлавӣ, дар духтариаш Фараҳ Дибо, соли 1938, дар Теҳрон ба олам чашм кушод. Ӯ ягона фарзанди оилаи афсари артиш, дор-ул-таҳсили Академияи ҳарбии фаронсавии Сен-Сир, ки падараш дар дарбори Романовҳои Россия ба ҳайси дипломати баландпоя хизмат мекард, мебошад. Оилаи Дибо дар Эрон яке аз оилаҳои сарватманду боэҳтиром буд. Аз ин лиҳоз, волидайн кӯшиш мекарданд, ба духтари худ беҳтарин сифату хислатҳои бонуи ашрофзодаро талқин намоянд.
Модараш ба ӯ дурандешӣ ва мустақилиятро меомӯхт, падараш бошад, забону фарҳанги фаронсавиро дарс медод. Бояд гуфт, ки оилаи ашрофони даврони пеш аз инқилобии Эрон кӯшиш мекарданд ба оилаҳои ашрофони аврупоӣ монанд бошанд, аз ин рӯ, тартибу арзишҳои аврупоиро дастгирӣ мекарданд.
Фараҳ, ба монанди модараш ба мактаби теҳронии ба номи Жанна д’Арк дохил шуда, ба баскетбол майл пайдо кард. Дар андак вақт ӯ капитани дастаи мактабӣ гардид. “Ман мекӯшидам оддиву табиӣ бошам, бо такаллуф буданро дӯст намедоштам, ғайбатро аҳмият намедодам, ман бо ҳар як духтари мактаб дӯстӣ доштам”, - нақл мекунад, Фараҳ. – “Агар касе бо ман қаҳрӣ мешуд, ман зиқ намешудам, зеро медонистам, ки каме қаҳр мекунаду пасон, боз наздам меояд. Сардори дастаи баскетболбоздухтарони мактаби Жанна д’Арк , ки будам, барои духтарони ҳамсолам мисли қаҳрамон шудам, яъне онҳо ба ман тақлид мекарданд, то чунин фаъол бошанд. Муқобили дигар дастаҳои мактабӣ бозӣ карда, мо ҳама вақт ғолиб мебаромадем, ҳамин тариқ, пас аз чанд моҳ чемпионкаҳои Теҳрон шудем. Дар чанд газетаҳо моро бо тасвирҳоямон чоп карданд, ман аҳмият додам, ки кӯдакон ба сурати ман нишон дода, ба падару модаронашон “Бубин, ин Фараҳ аст” мегуфтанд”.
Духтараки ҷаззобу дӯстрӯ ба шахси машҳури маҳаллӣ табдил ёфт. Вале дастовардҳои варзишии ӯ ба хондану таълим гирифтанаш монеа нашуданд. Ҳамсинфон ӯро ҳамчун заҳматкаш баҳогузорӣ карда, муаллимон дар бораи ҳассосияту раҳмдилиаш таъриф мекарданд. Ба гуфти онҳо, Фараҳ эҳсосу ҳаяҷони ҳар як хонандаро дарк намуда, дасташ ба кӯмаки ҳама мерасид. Аз ин рӯ, ҳама вайро дӯст медоштанд.
“Чаро Шоҳ туро намегирад? Охир, ту чӣ қадар хубӣ!»
Пас за хатми мактаби миёна, Фараҳ тасмим гирифт ба шуъбаи фаронсавии меъмории Институти Париж - École Spéciale d'Architecture дохил шавад. Ба ӯ фарқ надошт, ки он замон ин соҳа куллан мардона буд. Духтарак бо осонӣ ҳама имтиҳонҳои қабулро гузашта, ба ин муассисаи таълимии бонуфуз шомил гашт. Фараҳ пурра ба барномаи таълимӣ, ки хеле ғанӣ буд, ғуттавар шуд. Танҳо солди 1959 ба ӯ имкони таътил кардан доданд, он замоне, ки ба Фаронса бояд Муҳаммад Ризо Шоҳи Паҳлавӣ меомад. Вай дар қатори донишҷӯйёни интихобӣ, ки ба зиёфати шом ба ифтихори Шоҳ дар сафорати Эрон ба даъват шудан мушарраф гаштанд, шомил буд.
Албатта, Фараҳ медонист, ки аллакай як сол мешавад, Шоҳ бо ҳамсари дуюми худ – Сурайё ҷудо шудааст. Дар байни элитаи Теҳрон овозаҳо доир ба оне, ки Муҳаммад ҳамсари нав кофта истодааст, то писар – валиаҳд таваллуд кунад, зиёд буданд, зеро ду ҳамсари пешинааш ба ин муваффақ нашуданд. Ҳамсабақони Фараҳ низ мудом шӯхӣ карда, мегуфтанд: “Чаро Шоҳ туро намегирад? Ту ку хеле зебоӣ!” Фараҳ танҳо механдид, аммо ҳеҷ вақт ба гӯшаи хаёлаш ҳам наоварда буд, ки дар ин бора фикр кунад. Ба ҳар ҳол, то он даме, ки бо Муҳаммад рӯ ба рӯ нагашт.
Рӯзи пазироӣ дар сафорати Эрон Фараҳ бо костюми твиди сиёҳу сафеди бо гули камелияи сафед дар гиребонаш орододашуда ҳозир шуд. Ӯ дар ин намуд аз дигар духтарон бомуваффақият фарқ мекарду ин сабаб гашт, ки диққати шоҳро ба худ ҷалб кард. Шоҳ ба ӯ наздик шуда, бо эҳтиром дасташро фишурда, дар хусуси таҳсилу тадрисаш пурсупос кард. Фараҳи боҷасорат аз лутфи шоҳи Эрон каме худро гум карда бошад ҳам, зуд худро ба даст гирифта, бо табассуми маҳел ба Муҳаммади ҷавон ҷавоб дод. Бегоҳи ҳамон рӯз духтарак ба модараш нома навишта, дар он аз таассуроти худ аз шиносоӣ бо шоҳ қисса кард. “Чӣ хел автомобили зебо дорад, худаш бошад, хеле дилкаш!” – навишт, ӯ. – “ Вай қариб сараш сафед шудааст, чашмонаш бошад, ҳазинанд. Ман чӣ андоза шодам, ки бори аввал ӯро аз наздикӣ мебинам”. Фараҳ воқеан гумон мекард, ки ин вохӯрии лаҳзаина бо шоҳ аввалину охирин бор дар ҳаёти ӯ рух дод. Духтар тасаввур намекард, дар он вақте, ки ӯ аз таътили дар пешистодаву ба хона баргаштанаш хурсандӣ дорад, Муҳаммад барои издивоҷ бо ӯ омодагӣ мегирад. Тавре баъдан шуди шоҳи Эрон мегӯяд, Фараҳ аз нахустин назар ӯро тасхир карда буд. “Ман инро ҳамон лаҳзае, ки дучор шудам, дарк кардам...”, - мегуфт, шоҳ. – “ Ӯ ҳамон зане буд, ки ман дер интизораш будаму ӯ метавонист шаҳбонуи мамлакати ман бошад”. Ногаҳ Фараҳ аз Адрашери Зоҳидӣ – хеши шоҳ, ва дипломате, ки бо корҳои донишҷӯйён дар хориҷа вобаста буд, даъватномаи ғайричашмдошт қабул кард. Духтарак ба вохӯрӣ розӣ шуд, ба гумоне, ки сухан дар бораи бурси деринтизор меравад, то ӯ тавонад ҳаёти мустақилона дошта бошад. Аммо ҳангоме, ки вай ба хонаи Зоҳидӣ ҳозир шуд, дипломат гуфт, ки ба наздикӣ шоҳ бо онҳо ҳамроҳ мешавад. Воқеан ҳам, чанд дақиқа нагузашта, дар пушти дар Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ меистод. Байни духтару шоҳ суҳбат баргузор гашту Фараҳ боз инро тасодуфи хубе пиндошт. Вале дере нагузашта ба ӯ аз номи духтари Шоҳи Эрон нома расид – ин даъфа, он даъватнома ба шоми зиёфат буд. Ва ниҳоят, духтарак пай бурд, ки ҳамаи ин вохӯриҳои “тасодуф” тамоман тасодуфӣ набудаанд.
Аз ин хотир, ҳангоми шоми зиёфат дар хонаи духтари Шоҳ, Муҳаммад аз Фараҳ хоҳиш кард, то дар алоҳидагӣ бо ҳам сӯҳбат кунанд, ӯ аллакай ба ин, ва он чизе пас аз он рух хоҳад дод, руҳан омода буд. “Ҳамаи меҳмонон дар як лаҳза нест шуданд, ва мо ҳамроҳ дар диван менишастем”, - ба хотир меорад, ӯ. – “ Вай ба ман нигаристу гуфт, ки аллакай ду бор издивоҷ карда буд, аммо хушбахт нашуд. Ва пурсон шуд, ки оё мехоҳам ман зани ӯ шавам”. Фараҳ лаҳзае ҳам андеша накарда, “бале” ҷавоб дод.
Аз арӯси ангуштарини издивоҷиро фаромӯшкарда то ба “Жеки Кеннедии шарқӣ”
Тӯй ба 20-уми декабри соли 1959 таъйин шуд. Пероҳани арусиро худи Ив Сен-Лоран дӯхта буд, ки дар Хонаи Муди Диор кор мекард. Шоҳ ҳамчунин тоҷи алмосӣ аз заргари америкоӣ Гарри Винстонро фармоиш дод. Ҳангоми офаридани ин тоҷ 325 бриллиант истифода шуда, дар умум зевар 2 килограммро ташкил дод. Машшотаҳои арус тақрибан танҳо барои тоҷро ба сари шаҳбонуи оянда пӯшондан 3 соатро масраф карданд. Ҳангоме, ки арус омода шуд, аз ӯ чашм кандан номумкин буд, то ҳамин андоза дар либоси арусӣ зебо шуд! Дар роҳи қаср Фараҳ бо даҳшат дарёфт, ки дар саросемагӣ ангуштарини домодро дар хонаашон фаромӯш кардааст. Вақт барои бозгашт намонда буду оғози тӯйи шоҳиро нигоҳ доштан ғайриимкон буд. Он замон арусро Ардашери Зоҳидӣ, ки ҳамроҳӣ мекард, дастгирӣ кард. Ӯ ангуштарини худро бароварда, ба Фараҳ дод.
Тӯйи шоҳӣ хеле фохир буд. Ба монанди аруси пештара – шаҳбону Сурйё, Фараҳ интизор нашуд, ки табқи анъана ӯро се маротиба пурсанд, ки розӣ аст, то зани шоҳ шавад. Ӯ зуд розигии худро дод.
Фараҳ хуб медонист, ки дар дарбор Сурайё чӣ мушкилотро аз сар гузаронда буд. Албатта, ӯ ташвиш мекашид, ки оё бо шарафона метавонад аз уҳдаи он чизе, ки аз ӯ талаб доранд, мебаромада бошаду ба оилаи шоҳӣ ба хубӣ ворид мегашта бошад. “Нақл мекарданд, ки ҳаёти дарбор пур аз фитнаву дасиса аст. Ғайбатчиёну бадгӯйён дар бораи модари шоҳу шаҳбонуҳо гапҳо паҳн мекарданд”, - ба ёд меорад Фараҳ. – “Ҳатто модарам хавотир буд, ки чунин як духтари софу беолоиш, мисли ман байни ин одамоне, ки аз хурдӣ байни ин гуна одамон бузург шудаанду ба зумраи одамони наҷиб шомиланд, бо қудратанду зиракии дипломатиро соҳибанд, ва метавонанд сӯҳбатҳои дурӯя баранд, оё метавонад бошад?”
Ғайри чашмдошт, Фараҳ тавонист худро идора кунад. Новобаста аз оне, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, аллакай духтари заковатманде буд, ки метавонист муросо кунаду бо ҳар гуна мардум забон ёбад. Ӯ ғайбат намекард, кӯшиш мекард оҳистакор бошад, суханонашро бар кашида гӯйяд, рафторашро идора кунад, ҳамин тариқ тавонист худро дар чашмони авлоди шоҳ мусбат арзёбӣ намояд. Инчунин, ба шарофати маълумотнокиаш, Фараҳ аз соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ хабардор буд, аз ин рӯ дар ҳалли масъалаҳои давлатӣ дар ин самт ба шавҳараш кӯмаку маслиҳат медод.
Ба ҳар сурат, Фараҳ дарк мекард, ки оилаи шоҳ аз ӯ танҳо як чиз – ба дунё овардани ворисро интизор аст. Як моҳ пас аз тӯй тамоми дарборро хабари хуш паҳн кард: Шаҳбону обистан аст! 31-уми декарби соли 1960 Фараҳ тифле ба дунё овард, он писар буд. “Шоҳ писарро 20 сол интизор буд! Ин барои подшоҳи мусалмон ногуфтанист, ки писарро дер интизор шаванд”, - иброз карда буд, як журналисти эронӣ. – “Таваллуди писари шоҳ ба таркиши бомба шабеҳ буд!” Барои шоҳ бо мардум наздик бошад, Фараҳро на ба клиникаи хоса, балки ба таваллудхонаи ноҳияи қашшоқи Теҳрон бурданд. Байни мардуми эронӣ ин кор хеле баланд баҳо дода шуда, қалбҳои онҳоро тасхир кард. Солҳои баъдина шаҳбону се фарзанди дигарашро ҳам дар ҳамин таваллудхона ба дунё оварда, мақоми худро байни халқ абадӣ мустаҳкам кард. Пас аз таваллуди валиаҳд рисолати асосии Фараҳ дар назди оилаи шоҳӣ пурра иҷро гардида буду акнун бону метавонист ба он чизе, ки бештар майл дорад, машғул гардад, ва ин хизмат ба халқ, дстёрӣ ба қишри нодорам, ҳимояи ҳуқуқи занон ва рушди соҳаи маориф, инчунин ҷамъоварии осори санъат буд. Дорои ҳисси баланди бадеӣ буда, ӯ на танҳо мусаввараҳои рассмони машҳур ба мисоли Ренуар ва Поллок, инчунин рассомони наву ҷавони ин соҳаро ба мисоли Гоген, Лихтенштейн ва Энди Уорхолро ҳам, ҷамъоварӣ мекард. Ҳоло, маҷмуаи ҷаъмкардаи ӯро ба 3 миллиард доллар баҳогузорӣ карданд.
Салиқаи баланди Фараҳ Паҳлавӣ ҳеҷ вақт ӯро дар интихоби либос низ, ноумед накарда буд. Ҳамеша пӯшиши шево дошта, чандин забони хориҷиро медонист, ҳуқуқи занонро ҳимоя карда, шаҳбону байни занони Эрон меъёри нафосату малоҳат гардида буд. Ҳама мафтуни ӯ буданду ӯро “Жеки Кеннедии шарқӣ” меномиданд. Ба пайравии ӯ занҳои эронӣ либоси аврупоӣ пӯшидану мошин рондан ва фарзандонашонро ба хориҷа ба таҳсил равон мекардагӣ шуданд. Фараҳ коре карда, аз шавҳараш иҷозат гирифт, ки маҷаллаи Playboy-ро дар Эрон чоп кунанд! Худи шоҳ аз ҳамсараш розӣ буду мефахрид. Ӯ пурра ба Фараҳ боварӣ дошту ба маслиҳату машварати ӯ гӯш медод.
Ниҳоят, соли 1967 Муҳаммад кори бесобиқаро анҷом дод: ӯ қарор дод, ки Фараҳ Паҳлавиро ба ҳайси Шаҳбонуи Эрон тоҷгузорӣ кунад. Ба дигар маънӣ, ӯ ҳамсари худро ваколати баланд ва мақоми ноиби султон буданро бахшид, яъне дар ҳолати фавтидани шоҳ, то ба балоғат расидани валиаҳд, тоҷу тахт маҳз Фараҳ мегузарад. Чунин шараф ба ягон шаҳбонуи дигар, аз асри 7 инҷониб муяссар нагашта буд.