Фаъолияти Аҳтам Назаров дар «Истиқлол» ба анҷом расид
13.01.2026
Oila.tj
46

Муҳофизатгар ва капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров фаъолияти бозигарии худро дар дастаи «Истиқлол» ба итмом расонидааст.

Бино ба иттилои “Истиқлол”, Назаров пас аз солҳои тӯлонии бозӣ дар ҳайати қаҳрамони бисёркаратаи кишвар, тими пойтахтро тарк мекунад ва минбаъд ҳамчун бозингари озод метавонад фаъолияти худро дар дастаи дигар идома диҳад.

Аҳтам Назаров аз соли 2013 бо танаффус дар «Истиқлол» бозӣ карда, дар ин муддат барандаи ҳамаи мусобиқаҳо ва ҷоизаҳои дохилии Тоҷикистон шудааст. Ӯ ҳамчунин ду маротиба - солҳои 2015 ва 2017 бо ин даста ба финали Ҷоми КФО роҳ ёфтааст.

Дар маҷмуъ, Назаров дар ҳайати «Истиқлол» беш аз 200 бозии расмӣ анҷом дода, 16 гол ба самар расонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД