Маҳсулоти лозима:
180 грамм фалла, 2 тухм, 0,5 намак, 50 грамм панир, 40 грамм орди биринҷӣ.
Тарзи таҳия:
Панирро аз тарошаки сурохиҳояш хурд гузаронед. Ба он тухму намак илова карда, омезиш диҳед. Сипас орди биринҷӣ илова карда, хамир омода созед. Ба тоба коғази пухтупазӣ тунук карда, дар он хамирро бо дастонатон ғафсияш 0,5-0,7 сантиметр тунук кунед. Фаллакулчаро дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 20-25 дақиқа пазед.