arzon replenishment
Фахрияро хушдоманаш бо шиками дамида аз хона пеш карду...
1302


Ривоят мекунанд, ки Худованд дар боғи биҳишт барои келину хушдомане, ки мисли модару духтар ба ҳамдигар меҳрубон бошанд, тахти заррине сохтааст, вале миллионҳо сол аз байн гузашта бошад ҳам, то ҳол он тахт соҳиби худро пайдо накардааст. Албатта ин танҳо як ривоятаст, вале дар ҳақиқат келину хушдоманеро ёфтан душвор аст, ки зери як бом аҳлона зиндагӣ карда тавонанд. Келинҳо ҳамеша аз хушдоман меноланду хушдоманҳо аз келин. Баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷоли келину хушдоман натанҳо дар оилаҳои оддӣ, балки дар хонадони одамони машҳур низ тез-тез ба вуқуъ мепайвандад. Ҳодисае, ки ба сари яке аз машҳуртарин ситораҳои синамои Туркия-Фахрия Эвҷеномад, далели равшани ин гуфтаҳост...
Ҳафтаи гузашта қариб тамоми расонаҳои туркӣ дар саҳифаи аввали худ дар бораи моҷарои оилавии ситораи синамои Турк-Фархия Эвҷен навиштанд. Тавре ки журналистони турк менависанд, айни замон ин бонуи фариштарӯй ҳомиладор буда, фарзанди дуюмашро интизораст, вале модаршӯяш актриссаи машҳурро бо шиками дамида аз хона пеш кардааст.
Журналистони турк ҳамеша мисли детектив аз паси ҳунармандони машҳур поида мегарданд ва онҳо тавонистаанд ҷанҷоли оилавии дар хонадони ду ҳунарманди машҳури Туркия-Бурак Озчевит ва ҳамсараш Фахрия Эвҷен сар задаро наворбардорӣ намоянд. Сабт кардани садои аҳли оила ба журанлистон муяссар нагаштааст ва сабаби сарзадани ҷанҷоли оиларо фаҳмида намешавад,вале аз навор маълумаст, ки модари Бурак аз келинаш норозигӣ намуда,бо қаҳру ғазаб ба сари Фахрия дод мезанад. Актрисса кӯшиш мекунад, ки ба модаршӯяш чизеро фаҳмонад, аммо хушдоманаш мисли модашери хашмгин бештар асабонӣ шуда, дастак занон чим чиҳо мегӯяд ва ба сӯйи дар ишора мекунад, яъне кампир келини машҳурашро аз хона меронад. Шавҳараш Бурак Озчевит тарафи модарашро гирифта, бо ғазаб ба сари Фахрия дод мезанад.
Фахрия Эвҷен, ки фарзанди дуюмашро интизор буда, ҳомиладор аст, бо шиками дамида гирякунон тозон аз хона баромада меравад, вале шавҳараш ҳатто кӯшиш намекунад, ки пеши роҳашро дошта, ӯро баргардонад.

Аксари расонаҳои турк навиштанд, ки ин моҷарои муносибатҳои Бурак Озчевитро бо ҳамсараш ба пуррагӣ вайрон кардаасту ин зану шавҳари машҳур ба наздикӣ аз ҳам ҷудо мешаванд, худи Фахрия Эвҷен низ бар қасди шавҳар ва хушдоманаш баъди аз хона қаҳр карда рафтанаш як силсила аксҳои шавқангезашро дар расонаҳо чоп кард. Дар ин аксҳо Фахрия Эвҷен дар тан либоси ҳарирдошта,  ҳатто либоси таҳпӯшаш баръало намуда меистад. Актриссаи машҳур бо нашри ин аксҳо мехост ба шавҳараш исбот намояд, ки вай фарзанди дуюмашро интизор бошад ҳам, ҳамон одилкашу зебо аст ва таваҷҷӯҳи садҳо мардони дигарро ба худ ҷалб карда метавонад...
Интизор мерафт, ки бо дидани ин аксҳои шавқангези ҳамсараш Бурак Озчевит аз рашк девона шуда, талоқи Фахрияро медиҳад, аммо ғайричашмдошт ин марди машҳур аввалин шуда, дар зери аксҳои Фахрия Эвҷен шарҳ навишт. Ин ситораи синамо ба занаш изҳори муҳаббат намуда навиштааст:  “Ту гули оташини ман ҳастӣ! Дӯстат медорам!”
Ҳамин як сухани пурмуҳаббати шавҳараш боис гашт, ки Фахрия Эвҷеналами таҳқири хушдоманро фаромӯш намуда, модари Буракро бубахшад ва ду бора ба хонаи бахташ баргардад. Аҷибаш он аст, ки баъди ин моҷаро муносибати зану шавҳар хеле гарм шуда, мисли Лайлию Маҷнун дигар лаҳзае ҳам аз ҳамдигар ҷудоӣ надоранд.
Ёдрас мешавем, ки Бурак Озчевит 37-сола ва Фахрия Эвҷен  36-сола буда, ин зану шавҳари машҳур аз зиндагии муштаракашон як писар доранд, ки Қонур ном дорад. Писарак хеле хурд бошад ҳам, аз ҳоло дар роликҳои рекламавӣ нақш меофарад ва пули калон кор мекунад. Аввалҳои моҳи июл Бурак ва Фахрия эълон карданд, ки ба наздикӣ онҳо соҳиби боз як фарзанди дигар мешаванд, вале ҳомиладории зани фаришта рӯяш низ натавонист монеи ҷангуҷанҷоли оилавӣ гардад.
Хушбахтона, ҷангу ҷанҷоли ин зану шавҳари шӯҳратёр бодахолати хушдоман ба хушӣ анҷом ёфта, Фахрия Эвҷен ва шавҳараш Бурак Озчевит ду бора оштӣ шуданд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД