Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сар задани як ҳодисаи нохуш дар Ёвон хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 18-апрел дар деҳаи Сабзазор як зан бо духтарчаи 6-солааш ба наҳри об афтидааст. Ҷавонзан 26-сол дошта, бо мақсади гирифтани об ба лаби наҳр рафтааст. Вақте ки модар хам шуда, бо сатил об гирифтанӣ мешавад, духтарчаи 6-солааш, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, якбора ба об меафтад. Амвоҷи пуртуғён дар як лаҳза кӯдаки ҷисман заифро ба коми худ мекашад ва модар барои наҷоти ҷони фарзандаш худро ба об мезанад, вале...
Бадбахтона, зан натавонист ҷони духтарчаи нозанинашро аз панҷаи марг наҷот бубахшад. Амвоҷи пуртуғён ба мисли аждари хунхор фашшосзанон дар як лаҳза ҳам кӯдак ва ҳам модарашро ба коми худ мекашад. Як хонандаи синфи 11 аз дур ин манзараро дида, ба имдод мешитобад ва илоҷе карда занро аз об мебарорад, аммо талошҳои эшон барои наҷот додани духтарча ягон самар надода, кӯдаки маъсум ғарқ мешавад.
Ҷасади духтарчаи ормониро баъди як шабонарӯз 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.
Бино ба маълумоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар чор моҳи соли равон 16 нафар дар дарё ва наҳрҳо ғарқ шудаанд, ки аз ин шумора 4 нафарашон кӯдакон буданд.
Мо аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандонашонро бе назорат нагузоранд, зеро ҳар лаҳза бо кӯдакон ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, дар дили волидон доғи абадӣ ниҳода метавонад.